Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФАЪОЛИЯТИ ОЛИИ АСАБ

ФАЪОЛИЯТИ ОЛИИ АСАБ

ФАЪОЛИЯТИ ОЛИИ АСАБ, фаъолияти кисмхои олии системаи марказии асаб (кишри нимкурахои калон ва марказхои зеркишри) -ро гуянд, ки хайвоноту одамро ба мухит нисбатан пурра мутобик мекунад. Истилохи фаъолияти олии асабро И. П. Павлов ба илм дохил кардааст. Ба акидаи И. П. Павлов асоси фаъолияти олии асаб аз рефлексхои шарти (дар одам ва хайвоноти мухрадори дарачаи оли асосан кишри нимкурахои калони майна) ва гайришартии мураккаб (гариза, эхсос ва гайра) иборат аст. Дар системаи марказии асаб тахлил ва синтез шудани сигналхои рефлекси шарти системаи сигналии якумро ба вучуд меоранд. Дар одам системаи сигналии дуюм,. яъне нутк низ вучуд дорад, ки бо системаи сигналии якум алокаманд аст. «Нутк системаи махсуси мо, системаи дуюми сигналии вокеиятро, ки сигнали сигналхои якум мебошад, ташкил дод», навишта буд И. П. Павлов.

asab
Омузиши фаъолияти олии асаб яке аз комёбихои бузургтарини табиатшиносии муосир аст. Он асоси табиию илмии материализми диалектикиро ривоч дода, дурустии назарияи ленинии инъикосро исбот мекувад. Ахамияти омузиши фаъолияти олии асаб барои тиб, психология, педагогика, кибернетика, бионика ва гайра низ калон аст.
Адабиёт: Павлов И. П.. Избрание труди, том 3, М. 1951. стр. 325.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …