Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФАУНАИ ХОК

ФАУНАИ ХОК

ФАУНАИ ХОК, олами хайвоноти хок, мачмуи хайвоноти хокро гуянд. Фаунаи хок бисёр навъхои хайвоноти хушкигард ва обиро дар бар мегирад. Соддатаринхо, коловраткахо ва нематодахои майдатарин (нанофауна) дар зарраи оби хок хаёт мегузаронанд.

f-xok

Бандпойхои майда — кана, думпойхо, симфилхо ва гайра (микрофауна) дар чавфи беоби байни заррахои сахти хок маскан мегиранд. Барои мавчудоти нисбатан калонтари бемухра — кирми лойхурак, хазорпо, кирминаи хашарот, ки аз байни хок ба худ рох мекушоянд (мезофауна), тамоми хок мухити сукунат мебошад. Хайвоноти заминкоби мухрадор — курмуш, хокканак, сокор ва дигар мавчудоти калончуссаи хок гурухи макрофауна ё мегафаунаро ба вучуд меоранд. Дар 1 м2 хок аз дах то садхо фарди мезофауна, аз якчанд хазор то садхо хазор организми микрофауна хаст; 1 г хок хазорхо соддатаринхо дорад. Фаунаи хок аз геобионтхо (сокинони доимии хок), геофилхо (организмхое, ки дар хок яке аз даврахои фаъолтарин — гизогирии худро мегузаронанд) ва геоксенхо (мавчудоте, ки хок барои онхо панохгох аст) иборатанд. Фаунаи хок омили мухимми хокхосилшави буда, ба хама хосиятхои хок, инчуиии хосилхезии он таъсир мерасонад. Фаунаи хок пусиши бокимондахои растанигиро метезонад, низоми памак ва реакцияи хокро тагйир медихад, ковоки ва кобилияти обу хавогузаронии онро бехтар мегардонад, сохти хуби хок ва гайраро ба вучуд меорад.
Дар бисёр мамлакатхо барои бехар намудани хосилхезии хок, махсусан ба заминхое, ки аз нав корам кардаанд, навъхои фаунаи муфиди хокро мутобик мекунанд; гайр аз он ба замин поруе меандозанд, ки аз мавчудоти фоиданоки хоки бой аст.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …