Маълумоти охирин

ФАШИЗМ

ФАШИЗМ ( италияви Fascicmo, аз fas-сio — иттиход, даста), чараёни сиёсиест, ки дар давраи кризиси умумии капиталисти ба вучуд омада, манфиати доирахои багоят иртичои ва тачовузкори буржуазияи империалистиро ифода мекард. Хокимияти фашисти диктатураи террористии куввахои иртичоъпарасти капитали молиявист.

fashizm

Истифодаи шаклхои ашаддии зури ба мукобили синфи коргар ва хамаи мехнаткашон, антикоммунизм, шовинизм ва нажодпарастии чанговар, истифодаи васеи методхои давлатию монополистии танзими иктисодиёт, суханпардозихои (аксаран сосиалистонаи бардуруг) сиёсии авомфиребона бо максади ба вучуд овардани заминаи умуми (асосан аз хисоби буржуазияи майда) барои партия ва ташкилотхои фашисти нишонахои асосии фашизм мебошанд. Охири солхои 30 режими фашисти дар Италия, Германия, Португалия, Испания ва яккатор мамлакатхои Европаи Шарки ва Маркази баркарор шуд. Германияи фашисти бо сардории Гитлер (1933—45) бо Италияи фашисти бо сардории Муссолини (1922—43) ва Японияи милитаристи шартнома баста, Чанги дуюми чахони (1939 —45)-ро сар кард. Баъди чанг дар як катор мамлакатхои капиталисти фаъолияти унсурхои неофашисти пурзур шуд. Вале сарнагун шудали фашизм дар Португалия (1974), Юнон (июли 1974), шикаст хурдани диктатураи фашисти дар Испания (1975) нишонаи сустии режими фашисти дар замони хозира мебошад. Ягонагии синфи коргар ва хамаи куавахои демокра, ти шарти асосии муваффакият дар мубориза ба мукобили фашизм аст.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …