Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФАСИЯ дар геология

ФАСИЯ дар геология

ФАСИЯ (аз лотини Fасiеs — руй, симо), дар геология, мафхумест, ки дигаргунихои таркиби литологии чинсхои кухи ва бокимондахои органикии онхоро дар худуди як кабати стратиграфи ифода мекунад. Истилохи «Фасия»-ро геологи швейсари А. Гресли дар илм чори намуд (1835 —41) Мафхуми Фасия дар литология ба ду маъно истифода мешавад: 1) Фасия чинси кухист, ки дар шароити муайян пайдо мешавад; 2) Фасия шароити тахшинхосилшави (хозира ё кадими), ки аз тахшин ё чинс иборат аст. Ин хар ду маънои Фасия ба хам хеле наздик буда, якдигарро пурра мекунанд.
Аксар вакт мафхуми Фасия шароитхоеро, ки дар мархилахои гуногунн чараёни тахшиншави — литогенеа чой доранд, ифода менамояд; масалан, хангоми тадкики мархилаи фарсоиш мафхуми «Фасияи кишри фарсоиш», мавриди омухтани мархилаи ба чинс табдил ёфтани тахшинхо «Фасияи диагенез» ва хангоми омухтани тагйироти минбаъдаи чинсхои тахшинии кайхо ташаккулёфта ‘ мафхуми «Фасияи эпигенез» кор фармуда мешавад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …