Маълумоти охирин

ФАРОВА

ФАРОВА Афрова, Фазова, Афзова, Парнав, шахри кадими дар Осиёи Миёна (дар худуди хознраи РСС Туркманистон). Бино ба маълумоти сарчашмахо Фароваро намояндаи сулолаи Тохириён Абдуллох ибни Тохир (хукмрони 828—844) барои химояи сархади Хуросон аз хучуми кучманчиён бино кардааст. Бино ба маълумоти «Худуд-ул-олам» Фарова дар сархади байни Хуросону Дехистон чойгир шуда, барои аз хучуми огузхо мухофизат намудани Хурооон хамчун калъа хизмат кардааст. Хокими Урганч Маъмун Хоразмро муттахид (996), шахрхои Нисо ва Фароваро низ ба давлати Хоразмшохиён хамрох кард. Дар охири асри 10— ибтидои асри 11 Султон Махмуди Газнави ба Хоразм хучум карда, дар катори дигар шахрхо Фароваро низ ба тасарруфи худ даравард. Дар натичан истилон мугул шахр ба хароба табдил ёфт. Фарова дар охири асри 13 боз ру ба таракки ниход ва ба хайати давлати Халокуиён дохил шуд. Дар асри 14 рохи байни Бистом ва Урганч аз Фарова мегузашт. Шахр минбаъд таназзул ёфта, бархам хурд. Димнаи Фаровахоло 18 км дуртар аз шимолу гарби шахри Кизиларвот бокист. я .
Адабиёт: Бартолд В. В., Сочинение том 1, част 2, Москва., 1963; том. 2, част. 1 и 2, Москва. История таджикского народа, том 2 книга 1, Москва 1964.
Э. Окилов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.