Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАРКАШ Берталан

ФАРКАШ Берталан

ФАРКАШ Берталан (таваллуд 2.8.1949, дехаи Дюлахаза, Венгрия), лётчиккайхоннаварди Республикаи Халкии Венгрия, Кахрамони Иттифоки Совети (1980), Кахрамони Халкии Венгрия (1980), Аъзои Партияи сосиалистии коргарии Венгрия аз соли 1976. Аз марти 1978 Фаркаш дар маркази тайёрии кайхоннавардон ба номи Ю. А. Гагарин аз руи программаи «Интеркосмос» ба парвози кайхони тайёри дид. Мувофики программаи киштии идорашавандаи «Союз» ва стансияи мадории «Салют» курси пурраи тахсилро хатм кард. 26 маи 1980 дар киштии кайхоиии «Союз-36» (хамрохи В. Н. Кубасов) ба кайхон парвоз намуд. Киштии «Союз-36» 27. 5. 1980 ба комплекси мадории «Салют-6» — «Союз»-35» пайваст шуд. Кайхоннавардон Ф., Кубасов ва экипажи асосии «Салют-6» Л. И. Попов, В. В. Рюмин дар кайхон 7 руз якчоя парвоз карданд. Баъди ичрои бомуваффакияти программаи парвоз, ки олимони Республикаи Халкии Венгрия ва СССР тартиб дода буданд, кайхоннавардон Ф. ва Кубасов 3. 6. 1980 ба Замин баргаштанд. Бо ордени Лерин ва ордену медалхои Республикаи Халкии Венгрия мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.