Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФАРХАНГ

ФАРХАНГ

ФАРХАНГ, Лугат, китобест, ки дар он вохидхои забони (калимахо, иборахо, морфемахо ва гайра) бо тартиби муайни омада, асли баромад, маъно, мавриди истифода, тарчумаи онхо ба дигар забон дода мешавад. Фарханг дар даврахои хеле кадим ба вучуд омада (нигаред Лексикография), баробари ташаккули забони адаби таракки кардааст. Ду гурухм асосии Фарханг вучуд дорад: эндиклопеди ки исми одамони машхури таърихию асотири, номхои чугрофи. истилохоти илму техника, вокеахои бузурги таърихи ва гайраро шарх медихад; филологи ё лингвисти, ки дар он калима, иборахо ва хусусиятхои грамматикию услубии онхо тафсир мешавад.

zabon

Миёни ин фархангхо умумият хам ба назар мерасад: аз руи алифбо тартиб ёфтаанд ва бисёр калимахо барои хар ду гурух муштараканд. Амаю усули тафсир фарк дорад. Фарханги энсиклопеди на калима, балки истилохстро эзох дода, маънохои мачози ва нишонахои грамматикиро дар бар намегирад. Дар фарханги лингвисти бошад, бевосита худи калима тафсир шуда, чизи ифодашаванда бисёр мухтасар шарх меёбад. Фарханги энсиклопеди аз руи як сохаи илм ё техника хам фарохам меояд. Фарханги лингвисти ба умуми ва махсус чудо шуда, яке калимаю истилохоти серистеъмол ва дигаре як хиссаи калимот, масалан, калимахои иктибоси (фарханги калимахои хоричи), фразеология (фарханги фразеологи), синонимхо (фарханги синонимхо) антонимхо (фарханги антонимхо), калимахои нав (фарханги калима ва иборахои нав)-ро дар бар мегирад. Фархангро инчунин ба тафсирии якзабона ва дузабона (бисёрзабона) ё тарчума (масалан, фарханги руси-англиси, точики-руси ва гайра) таксим мекунанд. Дар лугатхои имлоию орфографи, калимасози, басомад ва чаппа, ки ба чихатхои шакли забон оиданд, тафсири маъно шарт нест. Вале фархангхои тафсири, дузабона (тарчума), синоними, фразеологи, омоними, этимологи, калимахои хоричи ва гайра бо тарафхои семантикии лугат сару кор дошта, шархи маъноро талаб мекунанд. Умуман дар фарханг фонетика, морфология, синтаксис ва таърихи забон инъикос меёбад. фарханги тафсири имлои асосии калима, шаклхои он, зада, хиссаи нутк, чинсият, чамъбанди ва гайраро фаро мегирад, ки хар яки онхо параметри лексикографи номида мешаванд. Алалхусус фархангхои тафсири ва тарчума параметрхои зиёде доранд, ки хар кадоми онхо бо аломатхои махсус ишора шудаанд. Холо бештар аз 60 параметри лексикографи маълум аст. Масалан, дар «Фарханги забони точики» зиёда аз 15 ва дар «Русско-таджикский словар» (1985) бештар аз 30 параметр вучуд дорад. Фархангхое низ хастанд, ки аз руи як ё ду-се параметр таълиф ёфтаанд (масалан, лугати орфографи, лугати чаппа ва гайра). Фархангхои точики пеш аз Револютсия Октябр асосан тафсири буданд. Дар давраи совети навъхои дигари фарханг (дузабона, истилохот ва гайра) ба миён омадаанд. В. Капранов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …