Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ФАРХАНГИ МУКАММАЛИ ФОРСИ-АРАБИ-РУСИ»

«ФАРХАНГИ МУКАММАЛИ ФОРСИ-АРАБИ-РУСИ»

«ФАРХАНГИ МУКАММАЛИ ФОРСИ-АРАБИ-РУСИ», лугати сезабонаест, ки соли 1910 И. Д. Ягелло таълиф кардааст. Дар таснифи «Фарханги мукаммали форси-араби-руси» «Фарханги форси-араби-англиси»-и Ф. Штейнгасс, «Фарханги мукаммали хиндустони-форси-англиси»-и Чон Т. Платтс, лугатхои нисбатан хурди форси ба русии В. П. Наливкин ва Л. Н. Дмитриев ва гайра истифода шудаанд. Он якумин лугати мукаммали форси-точики ба руси буда, такрибан 70 хазор калимаро дар бар мегирад. «Фарханги мукаммали форси-араби-руси» дар асоси калимахои форси-точики ва калимоти арабие, ки ба ин забон гузаштаанд, тартиб ёфтааст. Дар радифи калимахои иктибосии он бо аломатхои шарти (масалан, а— араби, т.— турки ва гайра) асли онхо ишора ёфтааст; харакати калимахо гузошта шудааст; дар назди моддаи лугави варианти фонетики ва морфологии он сабт гардидааст. Дар радифи калимахои урду чинси грамматикии онхо (мардона, занона) ба воситаи харфхои «м» ва «ж» ишора гардидааст. «Ф.» дар илму маданиятн Ооиёи МиёНа ва шаркшиносии Роосияк авв. а. 20 комёбй ба шумор морафт ва дар намоишгохи чашни илмй ва хочагии Туркистон (1909) оазовори Мвдали калони тилло шуда буд. Аз «Фарханги мукаммали форси-араби-руси»дар таълифи бисёр лугатхои форси-точики ба русь: «Лугати точики-руси» (1954), «Фарханги форси ба руси» (1970) ва гайра истифода кардаанд.
В. Капранов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …