Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ФАРХАНГХОИ «ШОХНОМА»

ФАРХАНГХОИ «ШОХНОМА»

ФАРХАНГХОИ «ШОХНОМА», фархангхои тафсири ва дузабона, ки дар баъзеи онхо тамоми калимахои «Шохнома», дар баъзеашон кисме аз онхо (интихобан) шарху тафсир ва тарчума шудаанд. Мухимтарин фархангхои махсуси «Шохнома» инхоянд: 1) «Фарханги этимологии форси-лотини»-и Й. А. Вуллерс (Vullers J. А., Lexicon Реrsico-Latinum Еtimologicum… t. 1—II, Воnnае аd Rhenum, 1855—1864; ба забони лотини). Мураттиб дар тафсири калимот аз фархангхои муътамади дар асрхои миёна таълифшуда истифода кардааст.
2) «Фарханги «Шохнома»-и Фирдавси (Сlossar zu Гirdousis- Shahname…, 1935; нашри дуюми стереотипиаш 1965), таълифи эроншиноси немис Фритс Волф (1884 —1043). Аз мукавдима (12 сахифа), 911 сахифа матни асоси (дар ду сутун тарчумаву тафсири калимахо) ва замимаи «Фехристномаи мутобикати калимахои «Шохнома»-и нашри Т. Макан, Й. А. Вудлерс ва Ж. Мол иборат аст. Ин фарханг тамоми калимахои «Шохнома»-и Фирдавсиро, ки дар нашрхои Т. Макан (чилдхои 1—4. Калкатта, 1829), Й. А. Вуллерс (чилди 1,1877; чилди 2, 1679, ч. 3, 1884) ва Ж. Мол (чилдхои 1—7, 1838—78) мавчуданд, дар бар мегирад. Калимахо дар фарханг ба тартиби алифбои арабиасоси точики чой дода шудаанд. Муаллифи фарханг достонхои асли вд фаръиву илхокии «Шохнома»- ро бо нишонахои махсус ва ракамхо — «Дебоча»-и «Шохнома»-ро бо харфи «Е», хачвияи Фирдавсиро ба султон Махмуд бо «S», бо шуморахои 1 то 50 достонхои асли зикри хукмронии шохонро (аз Каюмарс то Яздигурд) ишора кардааст. Аа фарханги Волф дар байти чандуми ягон достони «Шохнома» ва ба кадом шакл омадани калимаро ёфтан мумкин аст.
3) «Фарханги «Шохнома», таълифи Ризозодаи Шафак (нашри якум, Техрон, 1942, нашри дуюм 1972). Шафак фарханги худро бар асоси чопи Берухими «Шохнома» (чилдхои 1—10, Техрон, 1934—36) тахия кардааст. Нашри якумаш мухтасар (микдори ками калимахо тафсир шудаанд), нашри дуюмаш нисбатан пурратар мебошад. Аз мукаддима (маълумот дар бораи Фирдавси ва «Шохнома»-и у) ва матни асоси иборат аст. Манбаи Шафак дар таснифи асар фарханги Волф будааст. Дар фарханги Шафак калимахо ва истилохоти «Шохнома» баъзан галат ва аз маънии асли дур тафсир шудаанд.
4) «Вожаномак», таълифи Абулхусайни Нушин (чопи Техрон, бидуни нишондоди соли нашр). Фарханги мухтасарест, ки шарху тафсири калимахои душворфахми «Шохнома»-ро дар бар мегирад. Дар асоси чопи «Шохнома» (чилдхои 1— IX, Москва, 1960—71) тахия шудааст. Аз чихати сохту таркиб, тарзи тафсири калимахо аз фархангхои дигар фарк мекунад. Бисёр калимахое, ки дар он шарх ёфтаанд, дар фархангхои Волф, Шафак ба назар намерасанд, чунки «Шохнома»-и чопи Москва аз тамоми чопхои пешинаи «Шохнома» пурратар ва мукаммалтар аст. Нушин дар тафсири худ этимологияи калимахоро пурра ва боварибахш овардааст. Барои исботи фикр ба гайр аз абёти «Шохнома» аз манобеи дигар байтхо ё порахои мансур ба сифати шохиди лугави накл кардааст. Нушин калимахоро бисёр дакик маънидод намудааст. «Вожаномак» барои матншиносии «Шохнама» дастури мухимест.
5) «Фарханги «Шохнома», фархангест, ки дар он калимоти «шохнома» ба абони турки тарчумаву тафсир шудаанд, таълифи Абдулкодири Багдоди (огози таълифи асар 1656). Ин асарро К. Залеман нашр карда аст (Leksicon Sahnamianum… еd. С. Saleman, Реtropoli, 1895).
6) Якчанд фархангхову лугатхои мухтасар дар шархи баъзе калимаву таъбироти «Шохнома» зимни нашрхои гуногуни он омадааст. Масалан, дар нусхахои «Шохнома», ки дар Лакхнав (1846), Бамбай (1881— 89) ва дигар чойхо чоп шудаанд, замимаи «Фарханги алфози нодир ва истилохоти гариби «Шохнома» чой дода шудааст. Хамин гуна фарханг дар нашри Техрони «Шохнома» (1901—05) омадааст. Мухаккики эрони Мухаммад Дабири Сиёки, ки «Шохнома»-ро аз руи нашри Т. Макан бо тасхеху тахия ба табъ расонидааст, дар равияи Волф асаре бо номи «Кашф-ул-абёти «Шохнома» (чилдхои 1—2, Техрон, 1970— 72) офаридааст, ки шарху тафсири калимахои душвор ва маънидоди абёти «Шохнома»-ро дар бар мегирад.
Адабиёт:
М. Диловаров.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …