Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ФАРГОНАГИХО

ФАРГОНАГИХО

ФАРГОНАГИХО, номи халкияти кадими эронизабони вилояти таърихии Фаргона, ачдоди бевоситаи точикон. Таърихи ташаккули Фаргона ба якчанд мархала таксим мешавад. Мархалаи аввали он ба давраи охири асри биринчи роот меояд. Кабилахои кадими водии Фаргона дар охири хазораи 2— аввали хазораи 1 то мелод ба дехконию чорводори машгул буданд. Бошишгохи маданияти Чуст ба онхо тааллук дошт. Ба ин маданият сафолоти мунаккаш хос аст. Кабилахои чусти аз чихати антропологи ба типи бахримиёназаминии нажоди европои мансуб будаанд. Тахмин мекунанд, ки онхо ба гурухи кабилахои эронинажод мансуб буда, ба яке аз забонхои гурухи забонхои шаркии эрони гап мезадаанд. Баробари онхо дар хаволии Фаргона, аа чумла дар дашти Кайроккум, кабилахои даштнишини мансуби маданияти Андроново зиндаги мекарданд, ки аксар чорводор буданд. Аз асри биринчи сар карда дар Фаргона ахолии ду кюмплекси мухталифи хочагию мадани зиндаги мекард. Минбаъд кабилахои сахронишин, (эхтимол, кабилахои эронизабон) кисман мукими шуда, ба хайати кабилахои зироаткори фаргонаги дохил шудаанд. Мархалаи дуюми ташаккули Фаргона ба давраи маданияти Эйлатал (асрхои 7—4 то мелод) рост меояд. Ахолии зироаткори ин давра авлоди бевоситаи кабилахои чусти буд. Вале киёфаи онхо чиддан тагйир ёфт ва дар ин нохия шумораи одамони типи помиру фаргонагии европоисурат хеле афзуд. Дар айни замон дар водихои байникухии Фаргона кабилахои сакоихо маскун шуданд. Онхо бо таъсври зироаткорон кисман мукими шуда, ба хайати халкияти ояндаи Фаргона дохил гаштанд. Маданияти хоси зиродткории ин давра дар маданияти модди, пеш аз хама дар сафолоти мунаккаш (аз руи рангу тобиш он аз сафолоти маданияти Чуст фарк мекард) зохир гардид. Чараёни этникие, ки дар давраи ба авчи тараккиёт расидани давлати Давон (асри 2 то мелод—асри 3 мелоди) ба амал омаданд, боиси ташаккули халкияти фаргонаги гардиданд. Ва ин халкият иктисодиет, маданият ва забони хоси худро дошт. Ба хайати он инчунин гуруххои алохидаи кабилахои бодиянишини эронизабони сакои ва баъдтар усунхову йучихо, ки кисман дар худуди Фаргона зиндаги мекарданд, дохил шуданд. Даврае, ки аз миёнаи хазораи 1 милоди то ташаккул ёфтани халкияти точикро дар бар мегирад, мархалаи махсуси таърихи Фаргонаро ташкил медихад. Дар чараёни этникии ин мархала хиёниён ва хайтолиён иштирок доштанд. Шумораи ахолии мугулсурат хеле афзуд. Туркхое, ки аз Хоконии турк ба Осиёи Миёна омада, дар Фаргонаи Шимоли маскун шуда буданд, ба чараёни этникии Фаргона таъсири муайян расонданд. Турксуратшавии ахолии махаллии Фаргона огоз ёфт, ки онро бозёфтхои эпиграфии хати руни собит намуданд. Баробари ин гуруххои сугдиёни аз зулми арабхо ру ба гурез нихода ба Фаргона омаданд ва дар натича шумораи ахолии эронизабони Фаргона афзуд. Ба чараёни этникии Фаргона арабхо низ то андозае таъсир расондаанд. Мувофики маълумоти сайёхи хитои Сюан Сзан (630) ахолии Фаргона ба забони махсуси эрони гап мезад, ки он аз забонхои халкхои хамсоя фарк мекард. Инро сайёхи дигар Хой Чао (728) низ тасдик кардааст. Аз ин бармеояд, ки дар асрхои 7—8 забони фаргонаги аз дигар забонхо ва пеш аз хама аз забони сугди фарк мекардааст. В. А. Лившис тангаи мансуби асрхои 5—6-ро ёфт, ки дар руи он калимахои «Шохи Фаргона» ва номи шох сабт шудааст. У ин бозёфтро аввалин намунаи хати Фаргонаи Кадим ва далели бахснопазири мавчудияти забони махсуси фаргонаги мохисобад.

img_0933
Дар натичаи хамсоягии бисёркарна ва омезиши ахолии эронизабони мукими зироаткор бо ахолии бодиянишин ва баъд туркзабонхо умумияти халкияти Фаргонаи асрхои аввали милод шакл гирифт. Он дар рафти муборизаи зидди арабхо боз хам бештар кувват гирифт ва муттахид гардид. Минбаъд дар Фаргона забони точики пахн шуд. Дар ахди Сомониён кисми зиёди халкияти Фаргона баробари сугдиён, бохтарихо, тахористонихо, сакоихо ва хоразмиён дар ташаккули халкияти точик роли калон бозид. Кисми бокимондаи Фаргона минбаъд ба таркиби этникии халкияти узбек дохил шуд.
Адабиёт: Заднепровский Ю. А., Об этническом составе населения древней Ферганы, КСИИ МК, в. 61, Москва 1956; Лившис В. Л., Писмснност древней Фергани, НАА, 1968.
Ю. А. Заднепровский.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …