Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФАРБЕХИ

ФАРБЕХИ

ФАРБЕХИ, дар насчи зери пуст,чарбу ва дигар бофтахои организм аз хад зиёд захирашавии равганро гуянд. Фарбехи бемории чиддист. Он боиси инкишофи дигар касалихо, аз кабили атеросклероз, зикки дил, инфаркти миокард, газаки талхадон, касалии канд шуда метавонад. Сабаби фарбехи гуногун аст. Дар инкишофи фарбехи омилхои ирси ахамияти калон доранд, он чун ихтилоли мубодилаи моддахо аз насл ба насл мегузарад. Барои хамин хам барзиёдии вазни бадан бештар дар бачагоне дида мешавад, ки падару модарашон фарбеханд.

2149058_zhirnyi-rebenok

Истеъмоли барзиёди хурокворие, ки таркибаш асосан аз карбогидратхо (асал, канд, нон, таоми хамири, харбуза, ангур, картошка ва гайра) ё моддахои равгани (каймок, равгани думба, маска ва гайра) иборат аст, ба зухури ирсии фарбехи мусоидат мекунад. Афзоиши бемории фарбехи бо бехтар шудани шароити маиши ва паст шудани фаъолияти чисмонии одамон (гипокинезия) зич алокаманд аст. Одам бештар дар синни 40—70 фарбех мешавад. Дар одами солим байни кувваи гизои ва микдори масрифи он хамохангии муайяне мавчуд аст. Ин хамохангиро иштихо танзим мекунад. Танзими иштихо ба фаъолияти гипоталамус ва кишри магзи сар вобаста аст. Фарбехи дар натичаи иллати гадудхои усораи дохили (гипофиз, сипаршакл, болои гурда) хам ба вучуд меояд.
Муолича; бартараф намудани сабаби асосии бемори; пархез (хусусан аз таомхои сергизо), тагзияи мураттабу шифои, варзиши шифои истеъмоли дорухои иштихобанд (факат бо маслихати духтур). Пешгирии фарбехи бояд аз овони кудаки сар шавад (риояи режими хурокхури, харакати чисмони ва гайра).
Адабиёт: Баранов В. Г., Ожирение, Москва, 1972. М. Кобилов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …