Маълумоти охирин
Главная / Илм / Элементи химиявии Натрий

Элементи химиявии Натрий

Натрий (Natrium), Na, элементи химиявии гурухи I системаи даврии Менделеев; металли сафеду нукратоби нарму ёзанда ва сабукест, ки дар хаво зуд оксид мешавад. Раками ат. 11, массаи ат. 22, 9898. Натрии табии аз як изотопи собит 23Na иборат аст. Пайвастхои табии Натрий—намаки ош NaCl, сода Na2G03 аз кадимулайём маълуманд. Натрийи металлиро соли 1807 Г. Дэви бо рохи электролизи NaOH хосил кардааст.

Натрий 2,5% массаи литосфераро ташкил медихад. Вай элементи нихоят фаъол аст, бинобар ин дар табиат танхо дар холати пайваст дучор мешавад. Намаксанг NaCl, селитраи чилии NaN03, тенар­дит Na2SO*, мирабилит N8^0« • ЮН20, трона NaH[C03]2 • 2Н20, танакор Na2B407 • ЮН20, криолит 3NaF • A1F3 ва гайра мухимтарин минералхои Натрий ме­бошанд. Ба гайр аз ин, Натрий бо Са, Sr, Ва, Mg, Л1 ва элементхои дигар ба таркиби бисьёр алюмисиликатхо дохил мешавад. Натрий хамчуи мухимтарин биоэлемент дар таркиби растанихо (буймодарон, ламинария ва гайра) ва хайвонот (дар плазмаи хун 0,32%, устухон 0,6%, бофтахои мушаки 0,6—1,5%) низ хаст. Зичиаш 968 кг/мэ (‘19,7° С); Т ..гудохт. 97,83° Селсия; t чушиш 882,9° Селсия. Буги Натрий ранги шуъларо зард мекунад.

Натрий дар хамаи пайвастхояш +1 валента аст. Вай бо 02-и хаво бевосита пайваст шуда, Na20 ё Na202 ва бо об NaOH ва II2 (реакция баъзан бо таркиш мегузарад) хосил мекунад; бо гидрогеи, оксигеи, галогепхо, сулфур, карбон ва дигар эле­менту ба осони ба реакция медарояд. Натрий дар аммиаки моеъ нагз хал шуда, комплексхои аммиаки ва бо бисьёр металлхо пайваст шуда хула хосил менамояд. Натрийро асосан дар натичаи электролизи гудохтаи NaCi, ки омехтаи КС1, NaF, СаС12 ва гайраро дорад (дар харорати 575—585° С) хосил мекунанд. Натрий ва хулахои онро дар клапани мухаррикхои самолётхо ба­рои як хел нигох доштани (дар доираи 450—650° Селсия) харорат, тачхизотхои энергияи ядрои, пайвастхои Натрийро дар истехсоли антидетонаторхо, мина, рангхои гуногун, шиша, саноати бофандаги, масолехи бинокори, материалхои суратгири, даббоги ва гайра васеъ истифода мебаранд. Азбаски Натрий металли хеле фаъол аст, бинобар ин хангоми бо он кор кардан хушьёр будан даркор аст. Махсусан ба об хамрох шудани Натрий хатарнок аст, зеро ин боиси таркишу сухтор шуда метавонад.

Адабиёт: С и т т и г М., Натрий, его произ­водство, свойства и применение, Москва, 1961; Рипан Р., Ч е т я н у И., Неорга­ническая химия, том 1,- Москва, 1971.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …