Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭЪТИДОЛИ ШАБУ РУЗ

ЭЪТИДОЛИ ШАБУ РУЗ

ЭЪТИДОЛИ ШАБУ РУЗ, лахзаеет, ки дар он маркази курси Офтоб хангоми харакати зохирии солонааш аз руи эклиптика экватори осмониро мебурад. Дар рузхои эътидол давомати руз дар тамоми Замин (гайр аз нохияхои наздикутби) ба давомати шаб такрибан баробар аст. Дар натичаи рефракция ва нисбатан калон будани диаметри кунчии Офтоб давомати руз ё шаб аз 12 соат ба якчанд дакика фарк мекунаду бас. Нуктае, ки дар он Офтоб хангоми харакати худ аз Нимкураи чануби ба Нимкураи шимоли экваторро мебурад, нуктаи эътидоли бахори ва нуктае, ки дар он Офтоб хангоми харакати худ аз Нимкураи шимоли ба Нимкураи чануби экваторро мебурад, нуктаи эътидоли тирамохи номида мешавад. Азбаски фосилаи вакти байни ду гузариши паёпаи Офтоб аз хамон як нуктаи Э. ш. р. (соли тропики) бо давомати солхои таквими мувофикат намекунад, лахзахои Э. ш. р. сол ба сол нисбат ба саршавии шаборузии таквими дигар мешавад. Лахзахои Э. ш. р. дар соли мукаррари назар ба соли пешин 5 с 48 дак 46 сон дертар ва дар соли кабиса ба 18 с 11 дак 14 сон пештар ба вукуъ мепайвандад; аз ин сабаб Э. ш. р. ба ду шаборузи паёпай рост омаданаш мумкин. Алхол (нимаи дуюми а. 20) Офтоб аз нуктаи эътидоли бахори 20 ва 21 март (ин лахза саршавии бахори астрономи дар Нимкураи шимоли хисоб мешавад) ва аз нуктаи эътидоли тирамохи бошад 23 сент. (саршавии тирамохи астрономи дар Нимкураи чануби) мегузарад; санахои додашуда аз руи солшумории нав ва огози шаборуз бо вакти Москва дода шудаанд.

etidoli-shabu-ruz

Гиппарх (а. 2 то м.) муайян кард, ки нуктахои Э. ш. р. дар тули эклипитка мукобили харакати солонаи намоёни Офтоб охиста-охиста чой иваз мекунад. Ин чойивазкуни дар натичаи процессияи мехвари чархзании Замин ба вучуд меояд ва давраш такр. 26000 сол аст. С. 1737 Ч. Брадлей ходисаи нутацияи мехвари Заминро кашф кард. Дар натичаи нутация нуктахои Э. ш. р. нисбат ба мавкеи миёнаашон дар хар 18,6 сол як бор пурра мелаппанд (мавкеи миёнаи Э. ш. р. тавассути Б чойивазкунии процессиониашон муаиян карда мешавад). Ба тагйири мавкеи нуктахои Э. ш. р. тагйири координатахои осмонии чирмхо вобаастаанд. Дар фехристи ситорахо чои ситорахо барои мавкеи муайяни нуктаи эътидоли бахори ва даври такроршавии ин эътидол дода мешавад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …