Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ЭЪЧОЗИ ХУСРАВИ»

«ЭЪЧОЗИ ХУСРАВИ»

«ЭЪЧОЗИ ХУСРАВИ» асари сабкшиносии Хусрави Дехлавист, ки аслан «Расоил-ул-эъчоз» ном дошта, с. 1319 таълиф шудааст. «Э. X.» хачман калон буда (нусхаи чопии он 1179 сахифаро дар бар мегирад), аз дебоча, панч рисола ва хотима иборат мебошад. Дар дебоча, гайр аз кисмхои анъанави, аз хусуси сабкхои гуногуни нигориш дар осори насрии форс-точик, инчунин услуби хосси насри худи муаллиф сухан рафтааст. Хусрави Дехлави тамоми осори насрии форс-точикро аз чихати услуби баён ва равиши нигориш ба нух тарика (тарикаи таълифи шайхону ахли тасаввуф, уламои мудаккик, нависандагон, хокимон, хатибону воизон, оммаи мардум, адли касбу хунар ва тарикаи шухтабъону хачвгуён) таксим намуда, услуби хосси худашро тарикаи мустакили дахум меномад ва доир ба хар яке аз ин равишхо маълумот дода, хусусиятхояшонро зикр мекунад.

Доираи мавзуъхои дар ин панч рисола тасвиргардида бисьёр васеъ аст. Муаллиф дар хусуси услубу равияхои иншонависию насрнигории адибони пешину муосир, навъхои гуногуни муншаот ва бо кадом усул навиштапи онхо, зарурати риояи муносибати шаклу мазмун дар таълифи иншохои мухталиф, санъатхои бадеии кадимиву нав ва истифодаи онхо, санъатхои бадеии дар назму наср ихтироъкардаи худаш, равияи тозаи дар насрнависи пешгирифтааш сухан меронад. «Э. X.» бо хотимае анчом меёбад, ки муаллиф дар он ахамияти китоб ва матлаби таълифи онро баён карда, барои иншонависон ба сифати дастуруламал хидмат намудани рисолахояшро таъкид менамояд.

Хусрави Дехлави дар «Э. X.» порчахои гуногуни шеъри (ба забони точики ва араби) овардааст, ки бештари онхо махсули калами худи уянд. Забони «Э. X.» аз сабаби истеъмоли таъбирхо, ибораю чумлахои араби ва мутооичи предмети тасвир истифода бурдани калимаю чумлахои махсус бисьёр душворфахм аст. «Э. X.», ки яке аз асархои пурарзиши назарияи адабиёти форс-точики даврахои пешин мебошад, барои омухтани сайри таърихии иншонависи, санъатхои бадеи, заминахои «сабки хинди», навпардозию ихтироъкорихои Хусрави Дехлави дар насру назм, макоми у дар насри точики ва умуман дарачаи инкишофи афкори адабиётпгиносии форс-точик дар а. 14 ахамияти калон дорад. Ба кавли адабиётшиноси урду Шиблии Нуъмони то вакти таълифи «Э. X.» дар адабиёти форсизабони Хинд «касе коида ва усуле барои наср мураттаб ва баркарор накарда буд».

Ад.:Бакоев M.. Хает ва эчодиёти Хусрави Дехлави, Д., 1975.

А. Алимардонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.