Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ЭТНОГРАФИЯ

ЭТНОГРАФИЯ

ЭТНОГРАФИЯ (аз юн. ethnos — кабила, халк ва …графил), фанни чамъиятист, ки халкхою гуруххои этники, таърихи пайдоиши онхо (этногенез), тарзи зиндаги ва муносибатхои таърихию мадании онхоро меомузад. Э. хамчун илм дар а. 19 ба вууд омадааст.

etnografy

Галабаи Рев. Октябрь дар инкишофи минбаъдаи Э. сахифаи нав кушод. Солхои аввали Хокимияти Совети дар Ленинград ва Москва барои тадкики хаматарафаи Э. марказхои калони илми (мас., с. 1917 Комиссия оид ба омузиши хайати этникии халкхои Россия ва мамлакатхои хамсоя, с, 1930 дар заминаи он Ин-ти омузиши халкхои СССР ташкил шуд), с. 1926 ж. «Этнография» (аз 1931 «Советская этнография») таъсис ёфтанд, ки онхо ахамияти калони илми доштанд. С. 1933 дар Ленинград Ин-ти антропология, археология ва этнография ташкил шуд, ки он с. 1937 ба Ин-ти этнографияи АФ СССР табдил ёфт.

Нашри асархои калонхачм, аз чумла «Народы мира» («Халкхои чахон», 13 д., 18 китоб, зери тахрири С, П. Толстов), «Очерки общей этнографии» («Очеркхои этнографияи умуми», ч. 1—5, 1957—69) яке аз корхои чамъбастии этнографхои совети мебошад.

Дар Иттифоки Совети Ин-ти этнографияи АФ СССР ба номи Н. Н. Миклухо-Маклай, ун-тхо, музейхо тадкикоти илмии этнографи мебаранд. С. 1948 дар ЮНЕСКО Иттифоки байналхалкии антропологхо ва этнографхо таъсис ёфт.

Инкишофи Э. дар Точикистон. Маълумотхои кадими этнографи доир ба ачдоди точикон дар осори муаррихони юнонию хитои ва «Хуччатхои Калъаи Муг» дучор меоянд. Баъди ташкили давлати Сомониён ва хамчун халкият ташаккул ёфтани точикон (а. 10) рочеъ ба этногенез, тарзи зиндаги, хаёти моддию маънавии онхо материалхои фаровон гирд оварда шуданд. Дар а-хои 9—10 асархои Абубакри Наршахи («Таърихи Бухоро»), «Худуд-ул-Олам», Абулкосим Фирдавси («Шохнома»), Абуалии Сино («Ал-Конун фи-т-тибб»), Табари, Балозури, Истахри, Ибни Хавкал, Мукаддаси, Яъкуби таълиф гардиданд, ки дар онхо маълумотхои этнографи доир ба точикон хеле зиёданд.

Дар а-хои 11—12 Абурайхони Беруни («Осор-ул-бокия»), Абулфазли Байхаки» («Таърихи Масъуди»), Носири Хисрав («Сафарнома»), Умари Хайём («Наврузнома») доир ба маданияти модди (икоматгох, сару либос, хурок), муносибатхои оилави, урфу одат, идхои халки (Мехргон, Сада, Навруз) ва г. маълумотхои зиёд додаанд.

Материалхои фаровони этнографи дар ахди Темуриён (а-хои 14—15) бештар ба назар мерасанд. Аз осори ин давра асархои Хофизи Абру («Зубдат-ут-таворих»), Абдурраззоки Самарканди («Матлаъ-ус-саъдайн ва мачмаъ-ул-бахрайн»), Абуисхоки Атъима («Канз-ул-иштихо», «Муазаффар ва Бугро», «Мочарои биринч ва угро») ва г. бештар чолиби диккатанд.

Дар а-хои 16—18 як катор муаррихон, шоирону нависандагони махалли (Бобур, Восифи, Хофизи Таниши Бухорои, Сайидои Насафи) ва сайёдони европои (А. Ченкинсон, Ф. Беневени, Ф, Ефремов, И. Хохлов) дар осору хотирахои худ машгулият (дехкони, хунарманди), урфу одат, тарзи зиндаги, маданияти модди ва маънавиро васеъ тасвир намудаанд. Дар ин давра муносибатхои тичоратии Осиёи Миёна ва Россия ривоч ёфтанд. Танхо дар а. 17 аз амирони Бухоро ба Россия 16 сафорат, аз Москва ба Бухоро 5 сафорат фиристода шуданд. Сафирони рус ба гайр аз мукаррар намудани алокахои тичорати, инчунин ба гирдоварии материалхо доир ба хаёти иктисодию ичтимои, маданияти моддию маънавии ахолии ин сарзамин, аз чумла точикон машгул шуданд.

Дар ох. а. 18— ибт, а. 19 сайёхон (И. Муравил, Т. С. Бурпашев ва диг.) асархои характери этнографи дошта навиштанд.

Баъди ба Россия хамрох карда шудани Осиёи Миёна омузиши мунтазам ва хаматарафаи ин кишвар cap шуд. С-хои 70—80 а. 19 олимони рус доир ба этнографияи халкхои Осиёи Миёна (хайати этники, антропология, табиат, икоматгох, муносибатхои оилави, асбоби рузгор, дехкони, хунарманди ва г.) материалхо гирд оварданд. С. 1870 дар Самарканд, Бухорои Шарки ва водии Фаргона экспедицияхои этнографи ташкил карда шуданд.

Тадкики илмии этнографияи Точикистон танхо баъди галабаи Рев. Каб. Соц. Октябрь огоз ёфт. С. 1921 як гурух этнографхо бо сардории М. С. Андреев дар вил. Самарканд оид ба маросимхои динии точикону узбекхо маълумотхои мухим гирд оварданд.

Тадкикоти бевоситаи этнографи с. 1934 аз тарафи кормандони сектори таъриху забоншиносии Базаи точикистонии АФ СССР огоз ёфт. Сектор экспедицияхо ташкил намуд, ки дар онхо олимон М. С. Андреев, К. А. Кисляков, Е. М. Пещерева иштирок карданд.

Этнографхои Точикистон аз с. 1948 ба тахкики хаматарафаи этнографии тамоми худуди республика шуруъ карданд. Аз руи программаи ягона омухтани ахолии республика имконият дод, ки доир ба маданият ва тарзи зиндагии онхо маълумоти мухим гирд оварда, умуммит ва хусусиятхои фарккунандаи точикони нохияхои кухистону водианид, сархадхои нохияхои этнографи муайян карда шаванд. С-хои 1948—49 районхои вил. Кулоб, минбаъд Каротегину Дарвоз (1952—57), болооби Зарафшон (1958—61), чои ГЭС-и Норак (1963—66, 1969) тадкик карда шуданд. Дар натича як катор асардхи калонхачми «Точикони Каротегин ва Дарвоз» (3 китоб), «Маданияти моддии точикони болооби Зарафшон» ва г. нашр гардиданд.

Аз с. 1959 этнографхои Точикистон якчоя бо ходимони илмии Ин-ти этнографии ба номи И. Н. Миклухо-Маклаи АФ СССР «Атласи таърихию этнографии Осиёи Миёнаю Казокистон», харитахои махалхои пахншавии намудхои гуногуни маданияти модди ва маънавии точиконро тартиб медиханд. Онхо инчунин дар мавзуи «Оид ба таърихи ташаккул ёфтани ахолии Точикистон ва гуруххои эронии берун аз худуди он, маданият ва тарзи зиндагии гуруххои алохидаи точикон-ягнобхо, точикони Варзоб, Каратог, Файзобод тадкикоти илми мебаранд. Аз тарафи кормандони сектори этнография ва таърихи маданият як катор монографияхо альбомхо, ба монанди «Дехконии  точикони хавзаи д. Хингоб дар давраи тореволюциони» (М. Рахимов, 1957), «Маданияти модди» мастчохиён то ва баъди ба заминхои навкорам мухочир шудани онхо» (М. А. Хомидчонова, 1965), «Хочагии кишлоки точикони райони Ленинободи РСС Точикистон то Революцияи Октябрь» (Н. Н. Ершов, 1966), «Альбоми либоси халкии точикон» (Н. Н. Ершов ва 3. А. Широкова, 1968), «Деха ва икоматгохи точикони болооби Зарафшон» (А. Давидов, 1970), «Либоси занони точики кухистони Точикистон» (3. А. Широкова, 1971), «Никох ва туй» ахолии Хучанд дар давраи нав» (X. Р. Эшонкулов, 1972), «Дехконии точикони Вахон ва Ишкошим (гарби Помир) дар а. XIX— ибтидои а. XX» (Очерки таърихию этнографи, И. Мухиддинов, 1975) нашр шуданд.

Этнографхо (А. К. Писарчик) архиви М. С. Андреевро ба нашр тайёр карда истодаанд. То имруз «Точикони водии Хуф» (иборат аз ду китоб), «Материалхо доир ба этнографияи Ягноб», «Арки Бухоро» барин асархои М. С. Андреев нашр шуданд. Дар УДТ (М. Р. Рахимов) ва Ин-ти давлатии педагогии Ленинобод (Н. О. Турсунов, У. Чахонов) низ тадкикоти илми бурда мешавад. Сектори этнографияи Ин-ти таърихи АФ РСС Точ., УДТ, Музейи республикавии таъриху кишваршиноси ва санъати тасвири, музейхои вил-хои Ленинобод, Кулоб ва Хоруг ба гирдоварии коллекцияхои этнографи машгуланд.

Ад.: Поляков С. П., Историческая этнография Средней Азии и Казахстана, М., 1980.    А. Валиев.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …