Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭТИМОЛОГИЯ

ЭТИМОЛОГИЯ

ЭТИМОЛОГИЯ (аз юн. Etymon — маънои аслии калима ва …логия), як сохаи забоншиноси, ки таърихи пайдоиши калимахо, сохти мабдаи, вачхи тасмия ва робитаи маънавии онхоро меомузад. Ин истилохро файласуфони давраи атика такр. 2 хаз. сол пеш чори намудаанд. Э. тавассутп методи мукоисави-таърихи алокахои морфемахо ва калимахоро муайян менамояд. Э.-и забонхои дар асоси методи мукоисави-таърихи омухташуда (хиндуевропои, финнуугори ва г.) бештар инкишоф ёфтааст; Э. ба маънои дигараш натичаи тадкикот оид ба таърихи пайдоиши калима мебошад. Мас., муайян кардани алокаи калимахои бохтан ва бозидан, равзани точики ва rucok-и ягноби, алокаи калима ва морфемахои «пи», «пид», (шир, равган, гизо, озука) ва калимахои «пистон», «пиёба», «фарбех» ва г. Дар тадкикоти этимологи тагйироти фонетики ва морфологии калимахо (мас., чойивазкунии овозхо — «канор» — «карой», «пардез — «шахрез» (дар забони пахлави — pahrec), «таспидан» — «тапсидан»), аз калимахои забонхои гуногун сохта шуданн як калимаи мураккаб («чойхоначи», аз калимаи хитоии «чой», точики — «хона» ва суффикси калимасози туркй — «чи») ва г. ба назар гирифта мешаванд. Ба воситаи Э. решаи ягонаи калимаро дар ягон оилаи забонхо пайдо кардан мумкин аст. Мас., калимаи «таппак», «тапидан», «тафта», «тафтон», «тафсон», «таб», «това» ва «топить»-и руси аз як решаанд. Тагйироти гуногуни фонетики ва морфологиро ба назар гирифта Э.-и калимахои гуногун аз чумли «ангишт» (литвони—anglis, санксрит — angarah, руси — «уголь»), «кярм» (дар забонхои помири—cirm, руси «червь», чехй —сегу), «корд», «курта», «калтак» (руси — «кроить», «кройка», «край», «окраина», «короткий», «черта», «чертить», калимахои юнонию лотинии «кризис», «критика», «декрет», «секрет» ва г., ки маънои ибтидоиашон «буридан», «реза кардан», «пора кардан» мебошад) па г. дарёфтан мумкин аст.

zabon

Ба гайр аз Э.-и илми боз Э.-и халки вучуд дорад, ки дар он пайдоиши калимахо дар асоси хамохангии тасодуфии онхо ба назар гирифта мешавад. Мас., дар Э.-и халки калимаи «дахмарда»-ро ба «дах» (шумора) ва «мард» чудо мекунанд, хол он ки ин калима аз dahm — «донишманд» ва martak — «мард», «одам»-и забонхои кадимии эрони таркиб ёфтааст.

Ад.: Абаев В. И., О принципах этимологического исследования, дар мачм.; Вопросы методики сравнительно-исторического изучения индоевропейских языков. Ml, 1956; Ф а с м е р М., Этимологический словарь русского языка, т, 1— 4, М., 1964—73; Т р у б а ч е в Д. Н.. Из славяно-иранских лексических отношений, дар мадм.’. Этимология, 1965, М., 1967.

А. Бухоризода.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …