Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭТИКА

ЭТИКА

etika

ЭТИКА (юн. ethika, аз etos — расм, хулк, хислат), хулкшиноси, як фанни фалсафиро гуянд, ки масъалахои ахлокро меомузад. Истилохи Э.-ро бори аввал Арасту (дар асархояш «Этикаи Никомаха», «Этикаи бузург» ва г.) истифода бурда буд. Равокиён фалсафаро ба мантик, физика ва Э. таксим карда, охириро илм оид ба табиати инсон номиданд, ки бо антропология баробар аст. Дар таълимоти файласуфони давраи атика Э. бо фалсафа ва хукук омехта буд. Дар акидахои фалсафии мутафаккирони асрхои миёнаи Шарк Э. чузъи таркибии фалсафаи амали ба шумор мерафт. Э. аз илми муошират иборат буда, бо номи тахзиби ахлок маълум аст. «Этика»-и Б. Спиноза таълимот дар бораи чавхар ва модусхои он мебошад. Э. дар системаи И. Кант илм дар бораи боистан аст, ки гояи Э.-и мухтор (ба принципхои ахлокии ботини асосёфта)- ба Э.-и гетерономи (шарт, манфиату максадхои ба принципхои ахлок, бегона) мукобил мегузошт.

Э.-и марксисти мукобилгузории Э.-и «сирф назарияви» ва «амали»-ро рад мекунад. Он мустакилияти нисбии ахлокро хамчун як шакли шуури чамъияти асоснок карда, ба шароити таърихи ва хаёти ичтимои вобаста будани талаботу нормахои ахлоки, пайдоишу инкишоф ва амали онхоро ба кайд мегирад. Ниг. низ Ахлок.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …