Маълумоти охирин

ЭСХИЛ

aishylos

ЭСХИЛ Aishylos (такр. 525, Элевсин —458 то м., Сицилия), шоир ва драматурги Юнони Кадим. Аз хонадони ашроф. Дар мусобикаи драматургхо 12 маротиба пируз шуда буд. Аз 80 асари драммавии Э. танхо 7-тоаш боки мондааст. Эчодиёти Э., ки ба давраи нашъунамои демократияи Афина (а. 5 то м.) рост меояд, тадкики назари принципхои чахонбинии сохти авлодиро ифода менамояд. Кахрамонони фочиахои у сохибихтиёру мустакиланд. Тантанаи принципхои ватанпарварию баробари бар зулму истибдоди «бар-бархо» (истилогарон) мазмуну мундаричаи «Форсхо» ва «Хафт кас ба мукобили Фива»-ро ташкил медихад. Афкори гуманистии Э. дар фочиаи оиди Прометей багоят барчаста зохир шудааст. Э. дар шакли драма навоварихои зиёде даровардааст. Фочиахои Э. дар Рими Кадим маълуму машхур буданд; баъзеи онхо ба асархои Энний, Акций, Сенека асос шудаанд. Тавассути фочиаи Э. образи Прометей дар адабиёт ва санъати давраи нави Европа ба таври васеъ интишор ёфт.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.