Маълумоти охирин

ЭРАЧ

ЭРАЧ персонажи асотиру ривоятхои кадимии эрони ва «Шохнома»-и Фирдавси, писари хурдии Фаридун, бародари хурди Тур ва Салм. Оид ба Э. дар Авесто ва осори пахлави («Динкард») сухан рафтааст. Мувофики ривояти Фирдавси Фаридун далерию диловарии Э.-ро дар овони чавониаш пай бурд, аз ин ру барои мустахкам нигох доштани тахту давлат кишвари асосии худ — Эронро ба Э. дод, ки ин боиси норозигии бародарони калони у шуд. Онхо Э.-ро ба назди худ даъват карда, вахшиёна куштанд. Манучехр ба интикомхохии Э. рафта, Туру Салмро нобуд кард.

Образи Э.-ро Фирдавси бо самимият ва мехру шафкат тасвир кардааст. У аз чумлаи чавонмардони бетолеи «Шохнома» (Сиёвуш, Сухроб ва диг.) мебошад, ки хохони сулху осоиши кишвар буд, вале курбони фитнаву макр гардид.

Ад.: Абулкосими Фирдавси. Шохнома, ч. 1, Д., 1987;

  1. Диловаров.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …