Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЭРАЧ МИРЗО Чалолулмамолик

ЭРАЧ МИРЗО Чалолулмамолик

eraj-mirzo-j

ЭРАЧ МИРЗО  Чалолулмамолик (1874, Табрез—1926, Техрон), шоири эрони. Аз оилаи шохзодаи факиргаштаи кочор. Аз хурди ба шеъргуи пардохт. Дорулфунуни Табрезро хатм намуда, илмхои мантик, фалсафа, маони ва баёнро омухт. Забонхои араби, турки, франсави ва русяро аз бар кард ва хунари хаттотиро низ ёд гирифт. Факирона мезист. С. 1892 ба дарбори Музаффаруддиншох ба хидмат омад. Дар дарбор бо касидахои мадхияш шухрат пайдо кард ва ба лакабхои ифтихории «Садрушшуаро» ва «Фахрушшуаро» мушарраф шуд. Вале шоири дарбор будан ба дилу нияти вай мувофик набуд. С. 1896 дарборро тарк карда, дар идорахои бочхона, палатаи савдо, Вазорати маориф, идораи молия кор кард. С-хои 1917—24 дар Машхад зистааст. Девони ашъори Э. М., ки такр. 4000 байт дорад, шеърхои гуногуни лирики, хачви, маснавихои «Орифнома», «Зухра ва Манучехр»-ро дар бар мегирад. Дар давраи авчи харакати миллии озодихохи дар ашъори Э. М. хакикати зиндагий ва мухимтарин масъалахои ичтимоии замон ба миён гузошта шудааст. У дуруягии рухониёнро мазаммат мекард («Ашки шайх»), бар зидди таассуби дини мубориза мебурд («Бишнав, ки латифаи кашангест»), аз мавкеи пасти ичтимоии занхои Эрон сухан мегуфт («Чодар», «Хичоб» ва г.). Дар маснавии «Орифнома» ахли хукмрони давр ва шох мавриди танкид карор гирифтаанд. Бехтарин шеърхои Э. М. дар васфи мода р ва зан гуфта шудаанд («Модар», «Дили модар» ва г.). Модарномаи Э. М. дар тамоми адабиёти Шарк мавкеи баланд дорад. Э. М. яке аз асосгузорони адабиёти бачагонаи муосири форсист. У якчанд асархои нависандагони Гарбро ба форси тарчума кардааст.

Ос.: Осоря мунтахаб. Д., 1963)

Ад.: Вертельс Е. Э.. Очерки история персидской литературы, М., 1928; Ворожейки на 3. В., Иредж Мирза, И., 1961.

М. Муллоахмадов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.