Маълумоти охирин

ЭПОС

ЭПОС (юн. epos — сухан, хикоя, накл), яке аз се чинси адаби буда, роман, повесть, хикоя, новелла, очерк, достон, масал, афсона ва ривоятро дар бар мегирад. Э. хам ба мисли драма амалиёт, задухурд, низоъ ва мочарои персонажхоро инъикос менамояд.

Дар Э. накл макоми асоси дорад. Накли (муалллф ё гуянда) бо диалог ва монологи персонажхо омехта гардидан ба халли зиддияту низоъхои асари бадеи мадад мерасонад. Дар Э. мохияти ходисахо ба воситаи баёноти муаллиф ва нутки персонажхо ошкор мегардад. Навъхои Э. бо такозои методхои гуногуни адаби такмил меёбанд, композиция ва воситахои тасвири онхо дигар мешаванд. Сухани муалллиф ё нокил дар Э. бештар бо замони гузаштаи феъл ва шахси сеюм меояд. Аммо дав Э.-и давраи наву навтарин замони гузашта бо замонхои хозираю оянда омезиш меёбад ва нокил хамчун шахси якум дар бораи ходисахо накл менамояд. Сюжети Э. хеле гуногун мешавад. Дар як маврид ходисахо багоят тезу тунд ва пуршиддат сурат мегиранд (асархои саргузашти, детективи ва г.), дар мавриди дигар шакли эпикии ором ва батадрич ба назар мерасад (романхои маишию оилави, таърихи ва 7.). Баъзан ходисахо вобаста ба характеристикахои психологи ё тахлили ба тарзхои гуногун чараён меёбанд: як адиб баёноти реалистиро мепарварад, дигаре ба тасвири романтики майл мекунад ва г. Поэтика, услуб ва воситахои тасвири бадеии Э. низ рангоранг аст. Аз ин чост, ки се шакли асосии Э. вучуд дорад: хурд (очерк, новелла, хикоя, афсона), миёна (повесть) ва калон (роман, дилогия, трилогия, тетралогия, эпопея ва г.).

С. Таборов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …