Маълумоти охирин

ЭПИКУР

epikur

ЭПИКУР (Epikuros; 341 то м., хаз. Самос—270 то м., Афина), файласуфи материалист Юнони Кадим. Аз с. 306 дар Афина зиндаги карда, мактаби фалсафиро таъсис намуд. Аз Э. чанд мактуб, афоризмхо ва васиятномахо боки мондаанд. Э. фалсафаро аз физика, назарияи маърифати ва ахлок иборат медонад. Дар физика у пайрави назарияи заррахои Демокрит буда, харакати гирдобии атомхоро ба харакати озод иваз кард ва мафхуми «вазн»-и атомро кафш намуд. Э. мавчудияти худохоро дар олами улви пазируфта, дахолати онхоро ба олами сифли тамоман рад кард. Дар ахлок у одамонро ба зиндагии зохидона даъват намуда, максади хаётро дар осудагии рух, саодатмандию хайрхохи, беранчи ва каноатмандии одамон мебинад. Дар назарияи маърифат Э. сонсуализмро тарафдори намуда, дарки падидахои табиатро сабаби аз тарсу вахм, гаму андух ва хурофоту дин озод шудани инсон медонад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.