Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЭНЦИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОЧИК

ЭНЦИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОЧИК

ЭНЦИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОЧИК (ЭСТ), нахустин энциклопедияи универсалии точик, ки мувофики карори КМ ПК Точикистон ва Совети Вазирони РСС Точ. (3 июни 1968, N 198) дар Душанбе нашр мешавад. ЭСТ 8 чилд (ч. 1—1978; ч. 2—1980; ч. 3—1981; ч. 4-1983; ч. 5— 1984; ч. 6-1986; ч. 7—1987; ч., 8-1988 бо тиражи 15—20 хаз. нусха) буда, беш аз 23 хаз. маколаро дар бар мегирад. ЭСТ пеш аз хама дар асоси принципхои Энциклопедияи Калони Совети ва тачрибаи комусигарони республикахои бародар таксим шудааст. Кисми асосии маколахои ЭСТ оид ба Точикистон буда, дар онхо таърихи республика, география, иктисодиёт, илму техника, адабиёту санъат, хаёт ва фаъолияти ашхоси бузург, ходимони барчастаи чамъият, арбоби илму маърифат, адибон ва санъатварони машхур, Кахрамоиони Иттифоки Совети ва Мехнати Социалисти акс ёфтааст. Дар ЭСТ таърихи халки точик, сахми он дар таърихи афкори фарханги ва тамаддуни башари нишон дода шудааст. ЭСТ инчунин хонандагонро бо тараккиёти имрузаи илму техника, комёбихои хаёти модди ва маънавии республикахои бародари Иттифоки Совети, бо мухимтарин вокеахои чахон, харакати байналхалкии коммунисти ва коргари, бо сохахои гуногуни илму маданияти чахон, намояндагони машхури он ва г. шинос мекунад.

ЭСТ барои оммаи васеи хонандагон пешниход мешавад ва хусусияти илмию оммави дорад. Сармухаррири илмии ЭСТ президента АФ РСС Точ. М. С. Осими мебошад.

У, Тоиров.

encilklopediya

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.