Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЭНТОМОЛОГИЯ

ЭНТОМОЛОГИЯ

 ЭНТОМОЛОГИЯ, як кисмати зоо-. логияро гуянд, ки хашаротро меомузад. Вобаста ба мавзуъ Э. умуми ё назарияви ва амали мешавад. Э.-и умуми морфология, эмбриология, физиология, этология, экология, энтомогеография, палеоэнтомология ва систематикаи хашаротро меомузад. Мавзуи омузиши Э.-и амали хашароти зараррасони махсулот ва зироати х. к., паразиту пахнкунандаи беморихои одам, хайвонот ва наботот, инчунин хашароти фоиданок аст. Э. хамчун илм а. 17 ба вучуд омад ва дар а. 20 ривочу равнак ёфт. Олимони совети Г. Я. Бей-Биенко, М. С. Гиляров, А. П. Семёнов-Тянь-Шанский, О. Л. Крыжаповский, А. В. Мартынов ва диг. бо тадкикоти худ Э.-ро инкишоф доданд.

entopology

Э. дар РСС Точикистон яке аз илмхои нисбатан тараккикарда аст. Омузиши хашарот дар Точикистон а. 19 cap шуд. С-хои 1869—70 зимни экспедицияи А. П. Федченко дар Панчакент, Оббурдон, Захматобод, Анзоб ва г. намудхои зиёди хашарот ошкор карда шуд, ки аксари онхо дар илм бори аввал тавсиф мешуданд. С-хои 1884—87 Г. Е. Грум-Гржимайло болооби д. Сурхоб, водии д. Кофарнихон, Хисор, Вахш, Кулоб, Балчувон, к-кухи Пётри I, Дарвоз ва Помири Шаркиро тадкид карда, оид ба фауна ва махсусан шапалакхо маълумоти муфид ба даст овард. С-хои 1922—25 бори нахуст хомушакхо чун барангезандаи варача омухта шуданд. Дар тадкики фаунаи хашароти Точикистон Экспедицияи помирии АФ СССР (1928) ва Экспедицияи паразитологии Е. Н. Павловский (1932) низ ахамияти калон дошт. С. 1937 тадкикоти энтомологи асосан дар нишебихои чанубин к-кухи Хисор (Кондара ва атрофи он) гузаронида мешуданд. Баробари ташкил шудани Ин-ти зоология ва паразитология (1941) ва АФ РСС Точикистон (1951) тадкикоти энтомологи дар республика вусъат ёфт.

Ад.: Луппова Е.. П.. Энтомологические работы в Таджикистане за 25 лет. «Тр. ИЗИП, 33», Д.. 1955; Бей-Биенко Г. Я., Общая энтомология, М.. 1971; Достижения зоологической науки в Таджикистане за 50 лет. Энтомологический сборник, Д„ 1975. М. Н. Нарзикулов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …