Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ЭНЕРГЕТИКА

ЭНЕРГЕТИКА

 ЭНЕРГЕТИКА, яке аз мухимтарин сохахои хочагии халк буда, ба истехсолу истифодаи навъхои гуногуни энергия ва захирахои энергетики (нефт, газ, ангишт, энергияи об, торф, варакасанги сузанда, энергияи атом, кувваи бод, мадду чазр ва г.) машгул аст.

energetika

Дар Иттифоки Совети хама навъхои захираи энергетики фаровонанд. СССР аз чихати истехсоли нефт, газ, ангишт ва захираи об дар чахон яке аз чойхои асосиро мегирад. СССР аз чихати инкишофи Э. ва истехсоли энергияи электрик дар чахон дар чои 2-юм (баъди ШМА) меистад. Дар СССР якчанд хаз. ст-хои электрики мавчуданд, ки онхо соле беш аз триллион кВт*с энергияи электрик хосил мекунанд. Ст-хои калонтарини электрикии СССР: Станцияи электрикии обии Братск, Станцияи электрикии Волхов, Станцияи электрикии обии Днепр, Станцияи электрикии обии Красноярск, Станцияи электрикии обии Норак, Станцияи электрикии обии Сангу Шушенск ва р. Дар СССР 8 ст. электрикии оби хаст, ки дар чахон беш аз 1 млн кВт*с иктидор до-рад. Аз 5 ст-и калонтарини электрикии обии чахони 4-тоаш дар худуди СССР чойгир аст. С. 1980 истехсоли энергияи электрик дар СССР ба 1295 млрд кВт*с расид, яъне дар тули 5 сол 1,25 баробар афауд. Истифодаи энергияи электрик дар саноат 1,17, наклиёт 1,38 ва х. ч. 1,50 маротиба зиёд шуд.

Солхои охир дар истехсоли энергияи электрик хиссаи ст-хои электрикии атоми меафзояд. Дар СССР нахустин ст-и атоми с. 1954 (дар ш. Обнински вил. Калуга) сохта шуда буд. Ст-хои калонтарини электрикии атомии СССР инхоянд: Ленинград (иктидораш 2 млн кВт), Нововоронеж (1,4 млн кВт), Кола (880 хаз. кВт) ва г.

Точикистон аз чихати захирахои энергетики (хусусан захираи об) бой буда, дар мамлакат дар чои 2-юм (баъди РСФСР) меистад. То Рев. Октябрь дар худуди хозираи Точикистон энергияи электрик тамоман истехсол намешуд. Нимаи дуюми с-хои 20, баъди сохтани ст-хои хурде, ки бо сузишвори кор мекарданд, Э.-и республика ба вучуд омад. С 1926 дар Душанбе нахустин ст-и дизели (иктидораш 78 кВт) ба кор даромад. С. 1937 якумин ст-и электрикии обии республика — Варзоби Боло (иктидораш 7,1 хаз. кВт) ба истифода дода шуд. Хачми умумии истехсоли энергияи электрик ба 24,8 млн кВт-с расид (1937). Холо дар Точикистон як катор ст-хои калону хурди электрики мавчуданд: Варзоби Боло (иктидори лоихавиаш 7,1 хаз. кВт), Варзоби Поён (14 хаз. кВт), Варзоби Миёна (3,5 хаз. кВт), Кайроккум (190 хаз. кВт), Шаршара (29,9 хаз. кВт), Сарбанд (210 хаз. кВт), Маркази (18,6 хаз. кВт), Норак (2,7 млн кВт), Ёвон (180 хаз. кВт), Душанбе (216 хаз. кВт), Бойгози 500 хаз. кВт*с. С. 1980 ст-хои электрикии республика 13,6 млрд кВт энергияи электрик хосил карданд. Афзоиши минбаъдаи истехсоли энергияи электрик ба захираи оби республика вобаста аст. Дар Точикистон 511 дарьё ва дарьёча хаст, ки зиёда аз 32,3 млн кВт иктидори энергетики доранд ва соле барои хосил кардани 283 млрд кВт*с энергияи электрик имкон медиханд. Дар 12 мачрохои небатан калони об 36 ГЭС сохтан мумкин аст, ки иктидори онхо ба 25 млрд кВт мерасад. Факат дар ду дарьё — Вахшу Панч 14 ГЭС метавон сохт, ки иктидори умумиашон 26 млн кВт буда, соле 120 млрд кВт*с энергияи электрик хосил хоханд кард. Аз чихати иктидори захираи об д. Панч (97,6 млрд кВт*с) дар СССР дар чои 3-юм (баъди д-хои Енисей ва Лена) ва г. Вахш (44,9 млрд кВт*с) дар чои 10-ум меистад. Захирахои умумии дарьёхои республика ба 299,6 млрд кВт*с мерасад, ки ин 54%-и тамоми захирахои оби нохияи иктисодии Осиёи Миёна аст.

Истифодаи окилонаи захирахои энергетки, хусусан захираи об, ба тезонидани электриконии хочагии халк ва инкишофи минбаъдаи иктисодиёти Точикистон мусоидат мекунад.

А.: Энергетические ресурсы СССР. М.. 1968: Юнусов Б. В., Электроэнергетика Таджикистана. Д., 1975; Ра-зыков В. А., 25 съезд КПСС и вопросы развития электроэнергетики Таджикистана, Д.. 1978; Энергетика СССР в 1981—4985 гг.. М.. 1981.

  1. Мухаббатов, Ш. Гаффоров.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …