Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭХТИМОЛИЯТ

ЭХТИМОЛИЯТ

ehtimol

ЭХТИМОЛИЯТ дар математика, тавсифи ададии дарачаи имконпазирии руй додани ягон ходисаи муайянро дар ягон шароити додашуда гуянд, ки беохир такрор шуданаш мумкин аст.

Кимати ададии Э. дар баъзе мавридхо аз таърифи «классикии» Э. муайян карда мешавад: Э. баробар аст ба нисбати шумораи мавридхои «кулай» бар шумораи тамоми мавридхои «баробаримкон». Мас., гирифтем, аз 10 хаз. серияи билетхои лотерея хазортояш бурднок бошанд. Э.-и бурднокии як билети лотереяи харидашуда ба 1000/10000 = 1/10 = 0,1 баробар мебошад.

Дар дигар мавридхои нисбатан мураккаб Э.-ро бо тарзи статисти муайян мекунанд. Мас., аз 100 дона тухмии кишта 59-тояш сабзид. Метанол гуфт, ки эхтимолияти сабзидани як дона тухми ба 59/100 = =0,59 ~ 0,6 баробар аст. Аз руи Э.-хои ба тарзи классики ё статисти муайяншуда мувофики коидахои назарияи эхтимолият Э.-хои нав хисоб карда мешаванд. Мас., агар Э.-и сабзидани дар як дона 0,6 бошад, эхтимолияти аз 4 дона тухмии кишта сабзидани камаш як донаи он чунин аст: 1— —0,44 = 1—0,0256=0,9744. Ин Э.-ро дар асоси санчишхои статисти низ хисоб кардан мумкин. Умуман басомади руй додани ходиса m/п (п — шумораи санчишхо, m — шумораи руй додани ходиса дар ин санчишхо) аз эхтимолияти руй додани ходиса — р кам фарк мекунад. Шумораи санчишхо хар кадар зиёд шавад, ин фарк торафт ба сифр тезтар майл мекунад. Мас., эхтимолияти афтидани тарафи гербдори (ё ракамдори) танга ба 1/2 баробар аст. Эхтимолияти дар 10 санчиш (тангапартои) дах маротиба паси хам баробар омадани руяи гербдор (ё ракамдор)-и танга нихоят кам аст. Зеро тасдикоти «панч маротиба мувофик омадани руяи гербдор» хам камэхтимол мебошад; руяи гербдор 4,5 ва 6 6 маротиба мувофик омад гуем хам хато мекунем. Аммо дар 100 санчиш бе хеч шубха тасдик, кардан мумкин аст, ки тарафи гербдори он 40—60 маротиба мувофик меояд. Мафхуми Э. характери оммави дорад ба дар баходихии кимати ададии ходисахо ва методхои гуногуни статистикаи математики истифода бурда мешавад.

В. X. Тошбоев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …