Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЭХИНОКОКК

ЭХИНОКОКК

ЭХИНОКОКК (Echinococcus granulosus) , як навъ тасмакирмро гуянд, ки хангоми болигиаш дар рудаи саг, гург, шагол ва баъзан гурба паразити мекунад. Дарозии баданаш 3—5 мм буда, аз cap ва 3—4 банд иборат аст (банди охир нисфи бадан аст); дар cap 4 чихози макканда ва 2 чанбари чангакчанок дорад. Тухми Э. бо ахлот аз организми хайвони сироятёфта берун мешавад.

echinococcus

Гов, гусфанд, хук, инчунин одам дар натичаи фуру бурдани тухми Э. сироят меёбанд; тухм ба руда меравад ва аз он кирмина — онкосфера мебарояд. Онкосфера аз девораи руда ба венаи даромадгохи чигар ворид гашта, тавассути хун ба узвхо (чигар, баъзан шуш, мушак, устухон ва г.) пахн мешавад. Хар як онкосфера хубобчахо хосил мекунад, ки дар девораи он боз 1 ё 2 хубобчаи дигар ба вучуд меояд. Хубобчахо хеле суст инкишоф ёфта, андозаашон калон мешавад. Чонварони дарранда (саг, гург, шагол, гурба) баъди хурдани хафвони бемор ё мурда, ки дар организмаш хубобчахои Э. мавчуданд, сироят меёбанд. Э. дар одаму хайвон эхияококкозро ба вучуд меорад.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …