Маълумоти охирин

ЭХЁ

ЭХЁ (ар. — аз нав зиндашави, умри дубора ёфтан, ренессанс, як давраи хоси тараккиёти фархангию ичтимоист дар таърихи Гарб, ки дар интихои асрхои миёна ба вукуъ пайвастааст; дар таърихи мамлакатхои Европаи Гарби ва Маркази мархилаи гузарише буд дар байни асрхои миёна ва Ахди Кадии. Аз ин ру аз огоз Э. майлу мазмуни зиддифеодали дошт. Э.-и Гарб дар Италия огоз шуд ва аз а-хои 13—14 дар раванди инкишофи тамоюлхои реалисти дар эчодиёти шоир Данте, меъмор Арнолфо ди Камбио, хайкалтарош Николло Пизано, рассомон Пьетро Каваллини ва махсусан Чотто зухур ёфт. Эчодиёти намояндагони давраи Э.-ро хисси бовари ба имкониятхои зиёди инсон, ба ирода ва аклу заковати он, инкори схоластики ва зиндагии зохидона (ахлоки гуманистии италиявихо Лоренцо Валла, Пико делла Мирандола ва диг.) фаро гирифта буд. Рохи таркиб намудани идеали мавзунию мутаносиби, эчодиёти аз хар гуна гояхои дини озодии шахс, зебои ва хамохангии вокеа, ба инсон хамчун хастии асоси назар кардан ва конунхои асосии ба вучуд омадани олами модди ахамияти гоявии санъати давраи Э.-ро афзун намуд, доираи фаъолияти санъаткорон васеъ шуд. Дар санъати меъмори бинохои чамъияти, касру кушкхо ва хонахои шахри накши мухим доштанд. Меъморон (Брунеллески, Альберти, Браманте, Палладио дар Италия, Леско, Делорм дар Франция) иморатхоро бо таносуби кисмхои бино ва ороиши бадеии онхо, тиму рохравхои токдор, сутунхо ва равоку гунбазхо оро дода, ба онхо шукуху хашамат мебахшиданд. Рассомон (Донателло, Мазаччо, Пьеро, делла Франческа, Мантенья, Леонардо да Винчи, Рафаэль, Микеландело, Тициан, Веронезе, Тинторетто дар Италия; Ян ван Эйк, Рогир ван дер Вейден, Брейгель дар Нидерлапд; Дюрер, Нит-хардт, Хольбейп дар Германия; Фуке, Гужон, Клуэ дар Франция) муп-тазам тарзи тасвири бадеии хамаи сарватхои олами вокеи — тасвири хачм, фазо, нур, тасвири комати инсон (аз чумла тасвири урён) ва мухити вокеи — интерьер ва манзараро аз худ менамуданд.

ehyo

Дар сохаи адабиёти давраи Э. ёдгорихои бехамто, ба мисли «Гаргантюра ва Пантагрюэль» (1535—56)-д Рабле, драмахои Шекспир, романи «Дон Кихот» (1605—55)-и Сервантес ва г. ба вучуд омаданд, дар онхо хусни таваккух ба давраи атика бо маданияти халки, рухи комедияви бо хастии фочиави робитаи узви доштанд. Сонетахои Петрарка, новеллахои Баккаччо, достонхои кахрамонии Ариосто, Тассо, хачви зиддиклерикали (рисолаи Эраами Роттердами «Таърифи хамокат», 1511 ва г.) бо жанрхои гуногун, шаклхои инфироди ва мазмунхои милли гояи давраи Э.-ро тачассум менамуданд. Дар мусики, ки оханги самимонаи гуманисти дорад, полифанияи созию овози инкишоф ёфта, шаклхои тозаи вокалии гайридини (фротолла ва виллантела дар Италия, вильянсико дар Испания, баллада дар Англия, мадригал) ва мусикии инструментали (сози) ба вучуд омаданд; ин давра баробари пайдо шудани жанрхои нави мусики — яккахони, контата, оратория ва операдо, ки барои ба вучуд омадани гомофония (навъи мусикии бисьёровоза) мусоидат намуданд, ба охир мерасад.

Дар давраи Э. гояхои фалсафии навафлотуния (Фичино) ва пантеизм (Патрици, Бруно ва диг.), кашфиётхои бузург дар илмхои география, астрономия (системаи гелио-центриро кашф кардани Коперник), анатомия (Везалий) сурат пазируфтанд. Гояхои Э. ба бархам хурдани тасаввуроти динию феодали мусоидат намуданд ва аксаран ба талаботи чамъияти навзоди буржуази мувофик буданд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …