Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / ЭФИОПИЯ

ЭФИОПИЯ

efiopiya

ЭФИОПИЯ, Эфиопияи Социалисти, давлатест дар шим. шарки Африка. Масох. 1,2 млн км2. Ахолиаш 42 млн наф. (1984), асосан халкхои амхор (кариб 40%-и ахоли), галла (бештар аз 30 %). Ахолии шахри 13% (1978). Забони расми — амхори. Аксари диндорон мусулмонон ва насронихо мебошанд. Поитахташ ш. Аддис-Абеба. Органи олии хокимият — Совети муваккатии харбию маъмури (СМХМ). Раиси он — сардоpи давлат ва хукумат. Кисми зиёди худуди Э.-ро кухсори Эфиопия (баландиаш то 4623 м, к. Рас-Дашан) ишгол кардааст; дар шим. шарк пастхамии Афар ва дар чан. шарк, пуштакухи Сомали вокеъ гардидаанд. Иклим дар шим. шарк тропикии биёбони ва нимбиёбони, дар кисми бокимонда субэкваторист. Харор. миёнаи мохона 13—18* С. (Аддис-Абеба) , боришоти солона аз 150 -600 то 1500—1800 мм. Дарёхои калонтарин: Нили Кабуд, Атбара, Ве-би-Шабали.

Дар нимаи дуюми хазораи 1 то м. дар худуди Э. давлатхои гуногун вучуд доштанд; дар ибтидои милод давлати калони Аксум барпо шуд (давраи нашъунамояш а-хои 3—6). Дар а. 13 ин давлат Эфиопия ном гирифт. Дар нимаи дуюми а. 19 барои бартараф кардани чангхои байнифеодали ва дар дасти императорхои пуркуввати мутамарках кушишхо карда шуданд ва кисме аз ин кушишхо натичахои дилхох доданд. Дар айни замон Э. ба забткорихои Британияи Кабир ва Италия мукобилият нишон медод (с. 1898 армияи Италия дар мухорибаи назди Адуа аз тарафи кушунхои Э. торумор карда шуд). Дар натичаи чанги Италияю Эфиопия (1935—36) Э.-ро Италия забт намуд; с. 1941 озод карда шуд. С. 1974 дар Э. бухрони ичтимоию иктисоди ва сиёси ба вукуъ омад, ки сабаби асосиаш аз тарафи хукумат ичро накардани талабхои ислохоти аграри ва диг. ислохотхои зиддифеодали, гуруснаги (дар натичаи хушксолии 1973) буд. Дар натичаи рев. зиддифеодалии миллию демократи хокимият ба дасти Совети муваккатии харбию маъмури гузашт. Император Хайле Селассие 1 аз тахт даст кашид. Хукумати нав замин, банкхо, корхонахои калони саноатиро милли кунонд ва диг. ислохотхои ичтимоию иктисоди гузаронда, рохи тараккиёти социалистиро пеш гирифт. С. 1979 комиссия оид ба таъсиси партияи мехнаткашони Э. бо сардории раиси СМХМ Менгисту Хайле Мариам ташкил карда шуд.

Э. аз с. 1943 бо СССР алокаи дипломати дорад. С. 1978 байни Э. ва СССР шартноман дусти ва хамкори баста шуд.

Э. мамлакати аграрист. X. к. 46% ва саноат 11%-и махсулоти умумии дохилиро ташкил медихад (1976). Зироати х. к.: галладона (арзан, чувори, чав, чуворимакка, гандум, растанихои лубиёи ва равгандор), пахта, тамоку, найшакар. Зироати экспортиаш — кахва (0,19 млн т. 1984). Ба чорводори (асосан гов, буз, гусфанд) низ машгуланд. Корхонахои саноати сабук, хуроквори, коркарди нефт (дар ш. Ассаб) ва коркарди металл дорад. ГЭС-и калонтаринаш — Финча (100 МВт). Тилло ва платина истихроч карда мешавад. Тули умумии р. о. зиёда аз 1000 км, роххои автомобилгард беш аз 20 хаз. км. Бандархояш: Массауа, Ассаб; бо мамлакатхои хоричи асосан ба воситаи бандари Чибути доду гирифт мекунад. Шариконн асосии тичоратиаш: ШМА, мамлакатхои Иттиходи иктисодии Европа, Япония. Вохиди пул — быр.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …