Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Димнаи ШИШХОНА

Димнаи ШИШХОНА

ШИШХОНА, димнаи мансуб ба а-хои 3—13, ки дар тарафи гарбии ш. Душанбе вокеъ аст. Димнаро с. 1961 бостоншпносони Ин-ти таърихи АФ  РСС Точ. кашф намуданд. Тадкики он аз с. 1982 инчониб идома дорад. Димна аз кухандиз, шахристон, работ ва кабристон иборат аст. Масох. кухандиз 80X120 м буда, аз гарб ба шард тул кашидааст ва доло ду-дуди онро дабристон ншрол намуда-аст. Шадристон (масох. такр. Юга) аз кухандиз бо хандаки чукур (пахнояш 6—7 м, чукуриаш то 5 м)  чудо мешавад. Дар шахристон се давраи хаёт аник, гардид. Гафсии кабати маскуни давраи аввал (а-хои 3—4) 40 см буда, аз он асосан зарфхои сафоли (куза, кузача, коса) ёфт шуданд. Кабати маскуни давраи дуюм (а-хои 5—8) так- 3 м гафси дорад. Аа он зарфхои сафоли, чарогги сиёх, каллаи гилини марде ёфт шуданд. Кабати маскуни давраи сеюом (а-хои 9—13) дар натичаи бинокории солхои охир хароб гардидааст. Аз ин кабат танхо порчахои зарфхои сафолин сирдору мунаккаш ба даст омаданд. Тахкики Ш. барои омузиши таърихи шахрсози дар худуди имрузаи Точикистон, аз чумла Душанбе ахамияти калон дорад.

Ад.: Атаханов Т. М., Работы на городище Шишхона, дар кит.: Археологические открытия 1982 года, М., 1984.

Т. Отахонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.