Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Димнаи ХОЛЧАЁН

Димнаи ХОЛЧАЁН

 ХОЛЧАЁН, димнаи атикии мансуб ба хазораи 1 то м. ва а. 3 м. дар раёни Дехнави вил. Сурхондарёи РСС Узбекистон солхои 1959—63 экспедицияи археологи ва санъатшииосии  иниститути санъатшиносии Узбекистон (бо рохбарии Г.А.Пугаченко) кашф ва тадкик намудааст. Бозёфтхо шаходат медиханд, ки дар Холчаён асрхои  4-3 то милод одамон маскун буданд, дар давраи Кушониён ба авчи тараккиёт расидааст. Дар Холчаён Хонакохтеппа, Карабогтеппа, Маслахаттеппа кашф гардид ва аз онхо истехком, нахр, бог, касру бинохо, инчунин бокимондахои кароргохи шохи Кушониён-Герай ёфт шудаанд. Касри Хонакохтеппа аз айвони сутунхояш чуби, мехмонхона, тахтгохи шох, долон ва хонахои дигар иборат аст. Аз Холчаён хайкалу хайкалчахои устухони, танга, олоти мехнат, хум, зарфхои сафоли, ханчари филизи, шамшер, корд, халка, пайконхои гуногун, асбоби зиннат ва гайра ёфт шудаанд. Димна бо мурури замон дар зери хок монда, шакли теппаро гирифтааст. Бозёфтхои археологи шаходат медихад, ки дар ин шахри атики маданият хеле равнак доштааст.

Адабиёт: Пугоченко Г.А., Халчаян., К проблеме художественной культуры северной Бактрии, Ташкент. 1966; Пугаченкова Г. А., Скульптура Xалчаяна, М., 1971.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.