САРИМАЗОР, дехаест дар Совети кишлок Гулисурхи райони Уротеппа, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Рохи Ленин». Аз деха то маркази Совети кишлок 1 километр, то район 2 километр; рохаш асфалтпуш. Ахолиаш 850 нафар (1981), точикон ва узбекхо. Деха мактаби 8-сола, магазин ва сартарошхона дорад. Сохахои асосии хочаги галлакори, богу токдори ва обчакорист. Заминхо аз обанбори Каттасой обёри мешаванд.