САЙЁД, дехаест дар Совети кишлоки Ромити pайони Орчоникидзеободи РСС Точикистон. Территорияи хочагии чангалпарварии райони Орчоникидзеобод. Аз деха то маркази Совети кишлок 6 км, то район 45 км. Ахолиаш 100 нафар (1981), точикон. Мактаби 8-сола дорад. Сохахои асосии хочагиаш чарводори, чангалпарвари ва богу токдорист. Заминхо аз дарёчаи Сайёд ва чашмахо обёри мешаванд.