Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Давлати Нидерланд

Давлати Нидерланд

Нидерланд (Nederland), Подшххии Нидерланд (номи  гайрирасмиаш Голландия), давлат дар Европаи Гарби, аз Шимол ва Гарб сархадхои онро бахри Шимоли ихота кардааст. Дарозии сархади бахрнаш 1 хазор км. Дар Нидерланд бо Белгия, дар Шарк бо РФГ хамсархад аст. Як катор чазирахон Антил (Аруба, Кюрасао ва диг. дар ихтиёри Нидерланд мебошанд). Масохаташ 36,9 хазор кма (бо обхои дохили 41,2 хазор км2). Ахолиаш 14,3 млн нафар (1 январи1932). Пойтахташ шахри Амстердам, кароргохи хукумат — шахри Гаага. Аз чихати маъмури территорияи Нидерланд ба музофотхо, музофотхо ба чамоахо таксим шудааст.

Нидерланд— давлати шохии конститутсиони. Сардори давлат — подшох (аз соли 1948 — (малика Юлиана). Аз 30 апрпели 1980 — Беатрикс. Хокимияти конунбарориро подшох (малика) ва пар­ламент — Штатхои генерали, ки аз ду палата иборатанд, идора мекунанд. Палатаи якумро штатхои музофоти ба мухлати 6 сол, палатаи дуюмро ахоли ба мухлати 4 сол интихоб мекунад.

Табиат. Нидерланд дар гарби хамвории Европаи Миёна вокеъ гаштааст. Сохилхояшро халичхои тунукоб ва резишгохи дарёи Рейн, Маас ва Шельда буридаанд. Кад-кади сохили бахр минтакаи регзор тул кашидааст (баландии хомахои peг то 56 м мерасад). Такрибан 40% масохаташ аз сатхи бахр насттар аст. Нуктаи баландтарин (321 м) дар Чанубу Шарк, дар шохахои кулхои Арденн вокеъ аст. Дар таърихи Нидерланд чандин обхезихои халокатовар руй додаанд (охиринаш 1953).

Кисми шаркии Нидерландро регзорхои теппадор ва ботлокзорхо фаро ги- рифтаанд, Дарёхон калон: Рейн, Маас, Шелда. Сарватхои зеризамини: гази табии, нефт, ангиштсанг, намак. Иклимаш муътадили бахри, зуд-зуд туман шуда меистад. Харорати миёнаи январ 2°—3° С, июл 18е—19° С. Микдори боришоти солона 650—700 мм. Кисми зиёди заминхои Нидерланд аз хоки хосилхези лойкаги, кисми камаш аз хоки чимтоли хокистарии регдор ва ботлокию торфи иборат. 7—8% территорияро чангал (дарахтони тус, бук, сафедор, булут) ташкил медихад. Олами хайвоноташ камбагал. Дар регзорхо харгуши ёбои, дар чангалхо санчоб, заргуш, савсор, хаз, хонгул вомехуранд. Дар Нидерланд 180 намуди парранда( коз, мохихурак, лойхурак ва гайра) хаст. Б. Шимоли сермохист (шурмохи, равганмохи. макрел).

Ахоли. Ахолии асоси голландихо буда, дар Чануби фламандихо, дар Шимол ва чазирахо фризхо, инчунин немисхо, яхудихо, индонезихо ва дигар халкхо зиндаги мекунанд. Забони давлати — нидерланди (голланди). Аксарияти диндорон католик буда, бокимонда – асосан протестантхоанд. Зичии миёнаи ахоли дар 1 км2 376 нафар (дар чахон аз хама зиёд). 89% ахоли шахрнишин. Шахрхои калон: Амс­тердам, Роттердам, Гаага, Утрехт, Харлем.

Маълумоти таърихи. Территорияи Нидерланди хозира аз замонхои неолит маскани одамон буд. Эхтимол меравад, ки дар ин чо дар нимаи дуюми хазораи 1 то м. бештар кабилахои келт зиндаги мекардаанд ва дар ибтидои милод онхоро германихо аз ин чойхо танг карда баровардаанд. Дар асри 1 то мелод як кисми территорияро римихо забт карданд, ки ин ба ташаккули чамъияти синфи мусоидат кард. Дар асрхои 3— 4 ба Нидерланд кучидани франкхою саксхо огоз ёфт. Дар асри 5 кисми асосии мамлакат ба хайати давлати франкхо дохил гардид. Дар худуди он дини насрони ва тартиботи феодали чори гардид. Дар асрхои 1011 чанд мулки мустакили феодали ба вучуд омад ва онхо вассали «Империяи

Рими мукаддас» буданд. Баробари ба вучуд омадани шахрхо (асри 12) ахамияти киштигарди афзуд, савдо бо дигар мамлакатхо вусъат ёфт, дар шахр хунарманди таракки кард. Зиддиятхои байни дехконону феодалхо, хунармандону натрисиатхои шахр, тарафдорон ва мукобилони хокимияти графхо боиси чангхои граждании тулонии нимаи дуюми асри 14 ва асри 15 гардид. Гертсогхои Бургундия соли 1433 графин Голландияро, ки аз муборизахои дохили заиф гар- дида буд, забт карданд ва дертар як катор мулкхои феодалии Нидерландияро низ ба даст оварданд. Солхои 1477—1482 ин мулкхо ба дасти Габсбургхо гузашт, ки онхо солхои 20—40 асри 16 вилоятхои пештар мустакилро низ ба худ тобеъ намуданд. Соли 1548 бо номи Нидерландхо иттиходияи 17 музофот ташкил ёфт. Соли 1556 Нидерландияро Испания тасарруф кард. Зулму истибдоди хукуматдорони Испания ба тараккиёти иктисодиёти Нидерландия монеъ шуд. Солхои 60 асри 16 харакати халки бар зидди хукмронии Испания вусъат ёфт. Соли 1566 Револютсияи буржуазии Нидерланд ба амал омад ва муборизони он бо озодихохон муттахид гардида, бар зидди хукмронии испанихо бархостанд. Дар натичаи галабаи ин рево­лютсия соли 1581 Республикаи музофотхои муттахидаи Нидерланд (Зелан­дия, Голландия, Утрехт, Гелдерн, Фрисландия, Гронинген ва гайра) барпо гардид. Ин республикаро Голландия низ меномиданд. Галабаи револютсияи буржуази ба тараккиёти муносибатхои капиталисти дар Нидерландия ва афзоиши истехсолоти мануфактури мусоидат кард. Дар асри 17 асоси иктисодиёти Музофотхои муттахидаро савдои беруни ташкил медод. 60% киштихои бахрии мамлакатхои европои аз они онхо буд. Голландихо дар арсаи байналхалки тадричан чои испанихо ва португалихоро гирифта, истилои мамлакатхои Осиёи  Шарки, Америка ва Африкаро вусъат доданд. Соли 1602 Ширкати Ост-Индия, 1621 Ширкати Вест-Индия ташкил ёфт. Савдогарон беш аз пеш бой мешуданд, савдо бар зарари саноати милли инкишоф меёфт. Буржуазияи калони Голлан­дия дар мамлакат режими бехукукии сиёсиро чори намуда, оммахои халкро берахмона истисмор мекард. Ин вазъият корпартоню хуручхои хунармандон ва коргарони мануфак­тура, шуришхои дехкононро ба амал овард. Чангхои англисхою голландихо дар асри 17 иктидори харбию сиёси ва тичоратию иктисодии Нидерландияро ба таназзул оварданд. Соли 1793, баъди он ки Нидерландия ба Коалитсияи якуми зидди франсави дохил шуд, Франсия ба Нидерландия чанг эълон кард. Соли 1795 кушунххои Франсия ба Нидерландия зер карда даромаданд ва Республикаи музофотхои муттахида бархам хурд. Дар территорияи он Республикаи Батав ташкил ёфт, ки мутеи Франсия буд. Соли 1806 он ба подшохии Голландия табдил дода шуда, ба тахти он бародари Наполеони 1—Людовик (Луи) Бона­парт нишаст. Солхои 1810—1813 ин подшохи ба хайати империяи Франсия дохил буд. Бо карори Конгресси венагии 1814—1815 Голландия ва Бел­гия бо номи Подшохии Нидерланд муттахид шуданд (май 1815). Ба он Люксембург ихтиёран хамрох гардид (то 1890). Ба Нидерландия мустамликахояш баргардонда шуданд (ба гайр аз Сейлон, мустамликаи Кап ва кисми Гвиана, ки дар ихтиёри Британияи Кабир монданд). Соли 1815 конститусияи якуми Нидерландия кабул карда шуд, ки он дар парламент баробар намоянда доштани Нидердандия ва музофотхои Белгияро мукаррар намуд. Вале мутлакияти Нидерландия дар амал сиёсати истисмори миллии ахолии Белгияро пеш мебурд, ки ин боиси афзоиши харака­ти миллии озодихохи гардид. Дар натичаи Револютсияи 1830 Белгия истиклолият ба даст овард. Иттиходияхои аввалини коргари дар Нидерландия солхои 30— 50 асри 19 ба вучуд омаданд. Соли 1869 Сексияи нидерландии Интернатсио­нали I, 1894 Партияи сотсиал-демок­ратии коргарии Нидерландия (ПСДКН) барпо карда шуд. Соли 1909 каноти чапи ин партия Партияи сотсиал-демократии Нидерландияро (ПСДН) ташкил кард, ки он бар зидди оппортунизми рости хара­кати коргари мубориза бурд. Дар арафаи Чанги якуми чахои Нидерландия хамчун давлати хурди империалистии Европа ташаккул ёфт. Дар зери таъсири Револютсияи Октябр дар Нидерландия харакати револютсиони вусъат гирифт. Мехнаткашон барои навсозии ичтимои ва дастгирии Россияи Совети баромад карданд. Партияи Коммунистии Нидерландия (ПКН) дар шароити инкишофи харакати револютсиони (1918) ба вучуд омад. Кризиси чахонии иктисодии солхои 1929—1933 шароити зиндаго- нии мехнаткашонро хеле бад кард.

Дар мамлакат ошубхо ба амал омаданд. Соли 1934 бекорони Амстердам, Роттердам ва дигар шахрхо намоишхои оммави ташкил карданд. Мохи май 1940 кушунхои Германияи фашисти Нидеоландияро катъи назар аз давлати бетараф буданаш забт намуданд. Соли 1942 хукумати мухочири Нидерландия бо СССР муносибати дипломати баркарор на­муд. Дар давраи истилои фашисти дар Нидерландия харакати мукобилат вусъат ёфт, ки яке аз ташкилотчиёни он Партияи Коммунистии Нидерландия буд. Корпартоихои Амстердам ва як катор шахрхои дигар (25—26 феврали  1941), корпартоихои умумии рохиоханчиён (сентябри 1944 — апрели 1945) хуручхои оммавии зидди истилогарони фашисти буданд. Дар аввали май 1945 Нидерландия аз кушунхои фашистии Германия тоза карда шуд. Баъди Чанги дуюми чахон империяи мустамликадории Голландия таназзул кард. 17 августи 1945 Индонезия худро мустакил аълон кард. Нидерландия бо ёрии ШМА ва Британияи Кабир ба мукобили халки Индонезия чанги мустамликави cap кард. Дар ин солхо Нидерландия аз сиёса­ти анъанавии бетарафи даст кашида, ба гуруххои гуногуни иктисоди ва харбиву сиёсии давлатхои капи­талисти дохил шуд. Нидерландия плани Маршаллро кабул кард, муохидаи Брюсселро имзо намуд, ба блоки харбии тачовузкори НАТО хамрох шуд, розиги дод, ки куввахои мусаллахи НАТО дар территорияи вай чойгир шаванд. Нидерландия аъзои Бенилюкс, Совети европои ва Иттиходи европоии иктисоди («Бозори умуми») ва гайра мебошад, Дар охмри солхои 50 партилхои католи­ки ва протестанти ба сари хокимият омаданд. Доирахои хукмрони Нидерландия талаби Республикаи Индонезияро дар бораи ба вай баргардондани Ириани Гарби аввал ба инобат нагирифтанд ва танхо 15 августи 1962, баъди талаби пероркоронаи ахли чамъияти чахон ба он рози шуданд. Хукумати Нидерландия си­ёсати тачовузкоронаи ШМА ва дигар давлатхои империалистиро дар нимчазираи Хиндухитой ва Шарки Наздик химоят кард. Солхои 60 дар Нидерландия бисёр хуручхои халки ба амал омаданд. Солхои 1965—1966 аввалин бор мубодилаи намояндагони парламентии Нидерландия ва СССР ба вукуъ омад, робитаи Нидерландия бо СССР ва дигар мамлакатхои сотсиа­листи бехтар гардид. Соли 1971 дар иктисодиёти Нидерландия бухронхо мушохида шуданд. Дар давоми солхои 1969—1973 нарху наво дар Нидерландия 41,8% кимат шуд. Солхои 1971—1973 як катор корпартоихо, намоишхо ва хуручхои оммавии мехнаткашон барпо гардид. Хукумати Нидерландия мисли пештара тарафдори аз чихати иктисоди, сиёс ва харби муттахид кардани мамлакатхои Европаи Гарби, мустахкам намудани НАТО мебошад. Дар айни хол дар мамлакат рухияи зидди чанг ва зидди НАТО, кушиши ба мубо­риза барои паст кардани шиддати вазъияти байналхалки чалб намудани Нидерландия руз аз руз кувват мегирад.

2 май 1975 Нидерландия шартномаи пахн накардани яроки ядроиро тасдик кард.

1 августи 1975 сарвазир Й. ден Ойл аз номи Нидерландия ба хучати Мачлиси машваратии Хелсинки оид ба амният ва хамкори дар Европа имзо гузошт.

Партияхои сиёси ва иттифокхои касаба. Партияи мехнат, таъсисаш 1946. Ба Интернатсионали сотсиалисти дохил мебошад. Д а ъ в а т и насрониёни демократ. Соли 1976 хамчун блоки интихоботии се партияи клерикали: Халкии католики, Зиддиреволютсиони ва Иттифоки таърихии насрони таъсис ёфта, октябри 1980 хамчун партия та­шаккул ёфт. Партияи халкии барои озоди ва демокра­тия, таъсисаш 1948. Партияи либерали. Партияи сиёсии ради­кал х о, таъсисаш 1968.

«Демократхои 6 6», таъсисаш 1966. Намояндагони зиёиёни пешкадамро муттахид кардааст. «С о тс и а листони демократ 70», таъсисаш 1970. Партияи давлатии реформисти, таъсисаш 1918. Партияи дехкони, таъсисаш 1963. Иттифоки сиёсии ре­формисти таъсисаш солхои 1950. П а ртияи сотсиалистии па­сифисти, таъсисаш 1957.

Партияи Коммунистии Нидерланд, таъсисаш 1918. Ф е дератсияи иттифокхои касабаи Нидерланд.Иттиходи миллии иттифокхои касабаи насрониёни Нидерланд. Чамъияти «Нидер­ланд — СССР», таъсисаш 1947.

Хочаги. Нидерландия мамлакати саноаташ мутараккии капиталистист. Савдою киштигарди, хочагии кишлоки моли таракки карда, алокахои берунии иктисодиаш инкишоф ёфтааст. Дар иктисодиёти мамлакат ширкатхои муштараки давлатхо, монополияхои калон бо иштироки капитали хоричи, хукмронанд. Таъсири капитали хо­ричи, импорт капитал босуръат меафзояд. Дар саноат такрибан 40% ахо­лии кобили мехмат машгули кор. Асоси базаи сузишворию энергетикиаш гази табии, нефт ва ангишт аст. Бештар сохахое таракки кардаанд, ни бо ашёи хоми хоричи кор кар­да, баъд махсулоти тайёрро экспорт мекунанд. Сохахои мухимтарини са­ноат коркарди металл (асосан электроника ва электротехника), истехсоли мошинхо барои саноати химия, такхизот барои сохаи хуроквори, киштисози ва хуроквори мебошанд, ки 1/2 муомилоти тамоми саноати мамлакат ба сахми онхо меафтад. Саноати коркарди нефт ва химия, ки алокамапдона ба хам босуръат таракки карда истодааст, роли калон мебозад. Аз руи хачми экспорти ка­питал Нидерландия дар катори ШМА ва Анг­лия дар чахон яке аз чойхои аввалинро ишгол менамояд. Монополияхои калонтарин бо иштироки капи­тали хоричи: «Юнилевер» ва «Ройял датч-Шелл»-и англисию голланди, консернхои калони «Филипс» (сано­ати электротехники), «АКЗО» (нахи синтетики ва сунъи) ва «Хёш-Хого- венс» (металлургияи сиёх). Кариб 1/2 муассисаoои электротехники дар шахри Эйндховен ва нохияхои он, киштисози дар Роттердам ва нохияхои он, дар Амстердам, Схидам. Флиссинген гирд оварда шудаанд. Марказхои мошинсозии саноати хи­мия — Амстердам ва Утрехт. Метал­ли дар шахри Эймейден, металлхои ранга — алюминий дар шахри Флиссииген, Делфзейл, тсинк дар шахри Бюдел ва калъаги дар шахри Арнем истехсол карда мешавад. Корхонахои коркар­ди нефт ва нефту химия дар райони Роттердам вокеанд. Чануби музофоти Лимбург ва шахри Делфзейл калонтарин нохияхои саноати химия мебошанд. Нохияхои саноати бофандаги, кисми

шаркии музофоти Оверейсел (газвори пахтагин), музофотхои шимоли Брабант (матоъхои пашмин) ва Гердерланд (риштаву матоъхои сунъи ва синтетики). Саноати бо­фандаги солхои охир ру ба таназзул ниход, баровардани махсулот кам ва махдуд карда шудааст. Сохахои истехсоли чарму пойафзол, когаз, кулоли ва зарфхои чинию фаянси, дузандаги ва хаккоки таракки карда­анд Саноати истехсоли газ дар на­тичаи азхуд карда шудани кони га­зи табиии Грининген тиракки кард. Истехсоли нефт хеле кам аст (1.4 млн. т, соли 1977). Гази табии ба сифати ашёи хоми химияви яке аз сохахои мухими экспорт гардида, хиссаи он дар баланси энергетики зиёд шуд. Истехсоли ангиштсанг хамчун сохаи бефонда аз соли 1974 катъ гарднд. Xочагии кишлокии Нидерландия босуръат таракки мекунад ва 1/4 арзиши экспор­ти мамлакатро медихад. Зиёда аз 1 /2 хиссаи киштзорхо дар дасти хочагихои миёна ва калони фермерист. Дар хочагии кишлоки Нидерландия муносибатхои капиталисти инкишоф ёфта, шабакаи васеи ко­оператсияи таъмипоту фуруши мах­сулот амал мекунад. Чорводори ва паррандапарвари 65%, богдори ва сабзавоткори 21%, зироаткори 14% махсулоти хочагии кишлоки Нидерландияро медихад. Саршумори чорво то 1 июли 1980: гов — 5225 хазор, хук—10137 хазор, гусфанд — 799 хазор, асп — 76 хазор cap. Нидерландия дар чахон яке аз экспорткунандагони асосии махсулоти шир, ин- чунин тухм, гушти парранда, консервахои гуштин, гушти хук мебошад. Дар растанипарвари такрибан 60% арзиши махсулотро (1976) ин сохахо медиханд: богдори, сабзавоткори ва гулпарвари. Нидерландия аз чихати хачми гармхонахо ва экспорти сабзавоту мева ва ангури дар гармхона расида дар чахон чои якумро мегирад. Нидерландия— экспорткунандаи асосии картошка аст. 60% майдони чангалхо моликияти хусуси мебошад. Хар сол 0,8— 1 млн м3 чуб истехсол карда меша­вад. Мохидори касби анъанавии халки Нидерландия мебошад. Яке аз калонтарин бандархои мамлакат ва чахон бандари Роттердам, дуюмин бандари калон — Амстердам. 3/4  хиссаи боркашонии дохили ба сахми наклиёти автомобили меафтад. Дарозии дарьёхо ва каналхои киштигард 4360 км (январи 1976). Дарозии роххои охан — 2,8 хазор км (январи 1977). Аэропорти Амстердам (Схипхол) дорои ахамия­ти байналхалкист. Хачми савдои бе­рунии Нидерландия кариб баробари даромади миллист. Калонтарин шарикони сав­дои Нидерландия: РФГ, Иттифоки иктисодии Белгияю Люксембург, Франсия, Британияи Кабир ва ШМА. Хиссаи мамлакатхои сотсиалисти 2,6%. Нидерландия ба хорича галла, ашёи хоми раста­ни барои саноат, нефт ва махсулоти нефт, мошин ва тачхизот бароварда, аз он чо хуроквори, мошин ва тачхизот (асосан тачхизоти электрони ва электротехники), махсулоти нефту газ ва химия мегирад. В о х и д и пул —гулден (флорин).

Тандурусти. Соли 1976 ба хар 1 хазор ахоли 12,9 таваллуд, 8,3 фавт, ба хар 1 хазор кудаки навзод 10,3 фавт рост меомад. Баъзе касалихои шуш, диабет, касалихои сирояткунандаи дизентерияи батсилляри, тифи ши­кам ва паратиф пахн шудаанд. Дар Шимол ва Чанубу Гарби бемории дики нафас хеле зиёд аст. Соли 1973 дар мамлакат 600 муассисаи тибби буд, ки 136.2 хазор кат дошт (10,2 кат ба 1 хазор кас). Духтурони хусуси мавкеи ка­лон доранд. Соли 1974 20,2 хазор духтур (ба 670 нафар 1 духтур), 4,1 хазор духтури дандон. 1.2 хазор фармасевтхо, 879 акушер, 30,5 хазор хамшираи тиб­би, 12 хазор ёрдамчии хамшираи тибби ва дигарон кор мекард. Курорти байналхалкиии наздибахрии Схевенинген (дар наздики Гаага), курортхои Хук-ван-Холланд мавчуданд.

Маориф. Соли 1974/75 дар богчахои бачагона 514 хазор нафар бачахои аз 3 то 6-сола тарбия меёфтанд. Мухлати тахсил дар мактхои ибтидои — 6 сол. Синни таълими хатми — аз 7 то 15- сола. Мухлати тахсил дар мактаби миёна 6 (3+3) сол. Дар системаи тайёрии касбхои техники соли тахсили 1974/75 450 хазор талаба, дар системаи тайёрии муаллимон 10.850 талаба буд. Соли тахсили 1974/75 дар мактабхои оли 264 хазор студент мехонд. 15 университет хаст. Унниверситети Амстер­дам (таъсисаш 1877), Университети Утрехт (таъсисаш 1636), Университети Гронинген (таъсисаш 1674) Университети Лейден (таъ­сисаш 1575). Академияи подшохии фанхон гуманитари ва табиатшиноси дар Амстердам (таъсисаш 1808). Зиёда аз 100 чамъият ва ассоситсияхои илми хаст. Инчунин зиёда аз 40 институт ва муассисахои тадкикоти илми, Академияи санъати тасвири (дар Амстердам) мавчуд аст. Китобхонахо: Китобхонаи Унверситети Амстердам (таъсисаш 1578), Китобхонаи Университети Лейден (таъсисаш 1575), Китобхонаи шохии Гаага (таъсисаш 1798) ва гайра Музейхо: Музеи давлати (1808) дар Амстердам. Музеи миллии Ван Гог (1972), Музеи шохии институти тропикхо (1910); Нигористони подшохи дар Гаага (таъсисаш 1820); Музеи геоло­гия ва минералогияи Лейден (1820); Музеи таърихи дар Роттердам (1861) ва гайра.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1977 дар Нидерландия зиёда аз 100 газетаи харруза чоп мешуд. Калонтаринашон «Телег­раф» («де Telegraaf»), дар Амстердам аз соли 1893, «Алгемен дагблад» («А1- gemeen Dagblad»), дар Роттердам аз 1946, «НРК—Ханделсблад» (tNRC — Haodelsblad»), дар Роттердам аз 1970, «Хет парол» («TIet РагооЬ), дар Амстердам аз 1940, «Фолкскрант» («De Volkskrant»), дар Амстердам аз 1920, «Хаагсе курант» («Haagsche

Courant), дар Гаага аз 1883, «Гелдерландер Перс» («De Gelderlander Рогs»), дар Неймеген аз 1848, «Ваархейд» («De Waarheid»), органи Пар­тияи Коммунисти Нидерландия, аз 1940 дар Амстердам чоп мешавад. Агентии ахборотии «Алгемен Недерландс Персбюро» («Algemeen Nederlands Pershurcan») — иттиходи ноширонн газетахои Нидерландия (таъсисаш 1934) дар Гаага аст. Корпоратсияи радиошунавонии Нидерланд (Nederlandse Omгоер Stuching») — ташкилоти радиошунавони ва телевизион (таъсисаш 1969). Радиошунавони аз соли 1923, те- левизион аз 1951, ранга аз 1967 амал мекунад. Радиошунавони ба забонхои англиси, араби, голланди, индонези, испани, португали, фравсави бурда мешавад

Адабиёт. Кадимтарин осори адабии ба забони нидерланди эчодшуда Мазмурхои каролингианд (асри 9). Аввалин нависандаи барчастаи Нидерландия Ген­рих фон Фелдеке (асри 12) мебошад, ки пайдоиши сабки куртуазии адабиёти нидерланди ва немиси бо ниоми у вобаста аст. Баъди ба забои голланди тахия шудани «Достони Рейнард» (наздикии соли 1250) адабиёти Нидерландия хусусияти хакикатан милли пайдо кард. Ин асари мазхакави чамъияти феодали ва табакаи ритсархоро сахт мазаммат мекард. Шоир Я. ван Марлант (то 1235 — наздикии 1300), ки намояндаи ба назар намоёни дидактикаи бюргери буд, дар муколамахои шеърии «Мартини якум» ва «Мартини дуюм» бадахлокии табакаи ашроф, риёкории рухониёнро фош кардааст. Эчодиёти Эразми Роттердама (1465—1536), муаллифи асари дар чахон машхури «Мадхияи хамокат» (1511) куллаи гояхои Эхё гардид. Назми Я. ван дер Нот (1540—1595) ва хачви Марникс де Спит Алдегонде (1540 — 1598) бо харакати гуманисти алокаманданд. Алдегонде дар «Занбурхонаи калисои Рими мукаддас» (1569) калисои католикиро сахт хачв кар­дааст. Суруди «Вилгелмус»-и у гимни чангии револютсияи буржуазии асри 16 Нидерландия шуда буд. «Сурудхои гёзхо» (гозиён), «Эй Нидерланд, хушёр бош!»

ва гайра муборизаи мардуми Нидерландияро бар зидди мутлакияти Испания инъикос кардаанд. Носирон Д. Корнхерт (1522—1590), К. ван Мандер (1518 — 1600) дар Инкишофи маданият ва забони милли сахми бузург доранд. Давраи нашъуиамои босуръати маданият (асри 17), даврае, ки Голландия мамлакати намунавии капиталистки асри 17 шуда буд, «асри тиллои»-и адабиёти Нидерландия номида мешавад. Барчастатарин нависандагони ин давр: А. Бредеро — муаллифи мазхакахои хачви дар мавзуъхои таърихи «Брабантии Испания» (1617) ва гайра, П. К. Хофт муаллифи асархоест оид ба мархалахои кахрамононаи хаёти Нидерлания (Герард ван Велзен, 1613 ва гайра.). Куллаи «асри тиллои» эчодиёти шоир Йост ван ден Вондёл (1587—1679) буд. У дар асархои таърихии худ муборизаи кахрамононаи халки Нтдерландияро бар зидди мутлакияти католикин Испания тараннум кардааст: «Паламед» (1625), «Гебрехт ван Амстел» (1637) ва «Лютсифер» (1654). Дар «Лютсифер» индивидуализми буржуази фош карда мешавад. Дар адабиёти асри 18 анъанахои милли-демократи суст шуда, таклид ба класситсизми франсави авч гирифт. Вале драматургияи П. Лангенденк (1683 — 1756), ки зери таъсири Молер аз хаёти мардуми одди мазхакахои хачви меофарид, аз чихати гояви-бадеи мавкеи намоён дорад. Дар романхои Э. Волф-Беккер (1738—1804) ва Аге Сенен (1741 — 1804) дар назми бародарон Виллем ван Харен (1710— 1768) ва Онно ван Харен (1713—1779) таъсири гояхои маорифпарвари дида мешавад. Дар драмаи О. ван Харен «Агон» (1769) аввалин бор эътирози зидди сиёсати мустамликадори ифода ёфтааст. Дар адабиёти асри 19 аввалхо идеалхои мешани ва тасвири сатхии рузгор бештар буд: Я. ван Леннеп (1806—1869), X. Толленс (1780—1856) ва дигарон Факат эчодиёти роволютсионии нависандаи бузурги исёнгар Э. Д. Деккер, ки бо тахаллуси Мултатули (1820—1887) менавишт, истисност. У дар романи «Макс Хавелаар» (1860) дуруягии буржуазия, бехаёии мустамликадорони голланди, бадаъмолии капиталистонро фош мекард. Насри Э. И. Потгитер (1808— 1875), ки мухаррири журналили демократии «Рохбалад», мачмуаи хикояхои «Наср» (1837—1845) буд, роли намоён бозид. Вай таназзулу сукути хаёти замони худро ба гузаштаи кахрамононаи мамлакат мукобил мегузошт. Солхои 80 шоирони чавон Ж. Перке (1859— 1881), В. Клос (1859—1938) — эчодкорони шеъри нави тамоман индиви­дуалисти ба майдон омаданд. Ашъори онхо ба инъикоси дунёи ботинии инсон нигаронида шуда буд. Нависандагон Л. ван Дейсел (та­халлусаш Албердинк Тайм, 1864—1952); ки дар эчодиёташ натурализм ва имперессионизм баробар чой доштанд, Ф. ван Эден (1860—1932), ки дар ро­мани «Иоганнеси хурд» ба дунёи капиталисти дили софи кахрамонро мукобил мегузорад, низ ба солхои 80 мансубанд. Дар эчодиёти Л. Кунерус (1863—1923) натурализм ба авчи аъло расид. У аз романхои дар пайравии Золя эчодкардааш («Такдир», 1860; «Элин Вер», 1889) ба эчоди романхои аз гояхои сотсиализми хаёли саршор гузашта буд. Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 ба сабаби афзошии синфи коргар ва гояхои сотсиализм нависандагоне ба майдон омаданд, ки хаёти мехнаткашонро тасвир ва револютсияи ояндаро васф мекарданд. Дар достонхои Г. Гортер (1864— 1927), ки фаъолияти сиёсии уро В.И. Ленин такдир карда буд, максадхои револютсияи ояндаи сотсиалисти ифода гардидааст («Мэй». 1889; «Пан», 1912). Г. Хейерманс (1864—1924) дар драмаи «Марги умед» (1900) ва ро­мани «Шахри алмосхо» (1904) бар зидди истисмори капиталисти баромад. Таъсири гояхои марксисти-ленини ва Октябр дар эчодиёти шоираи барчаста ва драматург Г. Роланд-Холст ван дер Схалк (1869— 1952) — мачмуи шеърхои «Аз нав тавлидшудагон» (1903), драмаи «Томас Мор» (1912) дида мешавад. Шоир А. ван Коллем (1858—1933), ки Револютсияи Ок­тябр ва гояхои коммунизмро табрик намуд, асархои худро аз мавкеи револютсиони иншо мекард: «Охангхои руси» (1891), «Сурудхои пурошуб» (1918). Баъди Чанги якуми чахон (1914—1918), ки эътикодро ба прогресси буржуазия барбод дода буд, дар назди такдир очизу нотавон будани инсон аз мавзуъхои асоси гардид: ашъори М. Нейхоф (1894—1953), А. Роланд-Холст (1888—1977), Г. Ахтерберг (1905—1962). Дар назм эксп­рессионизм мавкеи асоси пайдо кард. Дар китобхои И. Буде Беккер (1875—1966) — «Камбагали» (1909), «Тилло ва хас» (1949), дар романхои А. Схендел (1874—1946)— «Фрегати Иоган Мария» (1930) ва гайра тамоюлоти реалисти идома ёфт. Нависанда М. Секелп-Люлоф дар романхои «Ка­учук» ва «Кули» мустамликадории Голландияро фош кардааст. Дар солхои зери истилои фашистон будани Нидерландия матбуоти пинхонии зиддифашисти пахн карда мешуд ва дар ин кор инхо иштирок доштанд: С. Вестдейк (1898—1971), яке аз намоёнтарин нависандагони асри 20, муаллифи романхои «Элза Бейлер, канизи немис» (1937), «Пасторал 1943» (1949), роману новелланавис М. Деккер (таваллудаш 1898), муаллифи мачмуаи хикояхои «Муза дар гардан» (1945), Тойн де Фрис (таваллуд 1907), муаллифи эпопеям ичтимоии «Замин-моиндар» (1930), трилогияи зиддифашистон «Феврал» (1961), А. Коссман (тав. 1922) дар романи «Маглубият» (1950), А. ван Дейнкеркен (1903—1968), Я. Грессхофф (1888— 1971) дар ашъори худ, А. ван дер Фейн (таваллудаш 1914) дар романи «Иди вахшиёна» (1958) мавзуъхои Мукобилати зидди истилогарони фашистиро инкишоф доданд. Рузномаи толибаи амстердами Анна Франк (1930—1944), ка тахти унвони «Рузномаи Анна Франк» ё худ «Дар фли­гели кафо» (1945) дар тамоми чахон пахн шуда буд, дар инкишофи гояхои зиддифашисти роли калон бозид.

Солхои 50 чараёни ба ном Шоирони навчу ба вучуд омад (Люсеберт, таваллудаш 1924; Г. Каувенар, таваллудаш 1923 ва дигарон). Онхо эътирози худро нисбат ба чамъияти буржуази дар зери пардаи суханбози ва шаклхои модернисти ифода мекарданд. Аз нависандагони муосир намоёнтаринашон инхоянд:

В. Хермане (таваллудаш 1921), муаллифи романи «Хучраи торики Дамокл» (1959), Хела Хаассе (таваллудаш 1918), Я. Волкерс (таваллудаш 1925), А. Бламан (тахаллусаш П. Брюгт, 1905—1960). Дар солхои 70 як зумра нависандагони боистеъдоде ба майдон омаданд, ки зиддиятхои тезу тунди ичтимоии дунёи капиталистиро аз мавкеъхои реалисти фош менамоянд: Г. Крол, Ф. Келлендонк, Р. Хейл, М. ван Койлен.

Меъмори, санъати тасвири. Дар асри 16 санъати Нидерландия ба ду мактаби мустакил чудо шуд: фламанди (ниг. Бельгия) ва голланди (дар территорияи хозираи Нидерландия). Аз ибтидои асри 17 дар Нидерландия бештар бинохои чамъияти ва савдою саноати (ратушахо, корхонахои киштисози, растахои савдо, анборхо, мануфактурахо), бинохои хиштини бо санги сафед орододашуда (меъмор Х. де Кей), маъбадхои оддии протестанти (меъмор X. де Кейсер) сохта мешудаид. Дар миёнаи асри 17 класси­тсизм бештар таракки кард (меъмор Я. ван Кампек, П. Пост). Дар ин давра дар санъати Нидерландия чои асосиро мактаби милли-реалистии рассоми ишгол менамуд, ки ба санъати минбаъдаи Европа таъсири бузург расонд. Махсусан жанри портрет равнак ёфт (Ф. Халс). Санъати реалистии асри 17 Нидерландия демократи буда, рассомон кушиш мекарданд, ки зиидаги, зебоии табиат ва мохияти дохилии ходисоти мукаррариро рухбахшу барчаста тасвир намоянд. Жанрхон муйяни санъати голланди (порт­рет, пейзаж, патюрморт, интерэр, сахнахои маиши ва гайра) хеле таракки кард. Барчастатарин устоди порт­рет Ф. Халс буд. Устодони натюр­морт — П. Клас, В. Хеда, А. Бейерен, В. Калф, пейзаж — Я. ван. Гойей, X. Сегерс, М. Хоббема буда, дар жанри анималисти (тасвири хайвонот) П. Поттер, А. Кейп бомуваффакият кор мекарданд. Тасвири интерэр бо сахначахои маихи машхур буд (Я. Вермер, Г. Терборх, Г. Метсю, П. де Хох, Э. де Витте, А. ван Остаде ва дигарон). Куллаи санъати тасвирии гол­ланди ва чахонии асри 17 эчодиёти Рембрандт композитсияхои асотири ва таърихи (портретхо, пейзажхо) мебошад, ки ба он гуманизм, драма­тизм, тамоилхои фалсафи ва демок­ратизм хос аст. Ба эчодиёти хамзамони Рембрандт — манзаранигор Я. ван Рёйсдал низ драматизм хос аст. К. Фабритсиус ва А. де Гелдер аз чумлаи шогирдони намоёни Ремб­рандт буданд. Аз охири асри 17 санъати голланди ру ба таназзул овард. Дар нимаи дуюмн асри 19 устодони санъати реалистии Нидерландия анъанахои реализми асри 17-ро хамчун намунаи ба тав­ри бадеи амикуку возех инъикос намудани хакикат медонистанд ва ба он истинод мекарданд. Лирика, майл ба суратхои озод ва пурэхсос ба мактаби Гаага — ба сахнахои чозибаноки аз хаёти одамони одди офаридаи Й. Исраэлс, ба пейзажхои X. В. Месдаг, Я. Б. Йонгкинд, Г. X. Брейтнер хос аст. Дар солхои 80 В. ван Гог ба кори эчоди шуруъ намуд ва халки мехнатиро бо як дилсузии гарму кушоне тасвир карда, образхои реалистонае офарид, ки онхо мазмунхои амики ичтимои доранд. Дар ибтидои асри 20 дар Нидерландия бисёр гуруххои рассомон ва меъморон пайдо шудаанд ва онхо ба меъмори ва дизайни асри 20 (эстетикаи инженери) таъсири калон расонданд. Зарурати пешаки ба план гирифтан, ки ба корхои ирригатсиони вобаста буд, ба далерона хал намудани масъалахои шахрсози мусоидат мекард. Дар байни асосгузорони санъати меъмории хозираи Н. X. Беераге, М. де Клерк буданд. Аз солхои 20 Нидерландия яке аз марказхои функсионализм гардид (сохтмони бисёр кварталхои Амс­тердам, Роттердам ва гайра: меъморон Я. Й. П. Ауд, В. М. Дюдок). Баъди Чанга дуюми чахони дар Нидерландия бинохои гуногуни истикомати ва чамъияти ба вучуд омаданд (меъморон Й. X. ван ден Брук, Я. Б. Бакема ва дигарон). Дар асри 20 аввалин бор мактаби мустакили Голландии хайкалтароши ташаккул ёфт, ки дар пластикаи хурди экспрессиви, портрет ва асархои монументали зохир шуда буд (Й. Мендес де Коста. X. Кроп, Ф. Сигер ва дигар). Намоёнтарини экспрессионистхо — Я. Слейтере. Эчодиёти Чарли Тороп ва X. Шабо саршори гояхои демократи ва инсонпарварист, накшунигор ва графикаи П. Алма ба мавзуъхои ичтимоиву сиёси бахшида шудаанд. Дар айни хол дар Нидерландия шаклхои гуногуни абстракси­онизм (П. Мондриан, Т. ван Дусбюрг), сюррелизм, «поп-арт» ва дигарон чараёнхои модерниоти пахн шуда­анд.

Мусики. Эпоси мусикиву манзуми ибтидои асрхои миёнаи кабилахои келт ва германи, ки дар Нидерландия зиндаги мекарданд, дар достонхои Нибелунгхо инъикос ёфтаанд. Таракиёти савдо ва шахрхо дар асри 12 ба нашъунамои лирикаи ритсари ва санъати менестрелхои шахрию дарбори мусоидат кард. Дини насрони сурудхонии лотиниро дар калисохо чори на­муд. Аз асри 14 харакати реформатори кушиш мекард, ки мазмур ва гимнхо ба забони модари хонда шаванд. Мусики дар хаёти чамъиятии Нидерландия ахамияти калон пайдо кард, дар назди калпсохои чомеи шахри мактабхои сурудхонии касби-метризхо (авалин бор дар Европа) ташкил кар­да шуданд. Дар асрхои 15—16 Нидерландия хам­чун давлати пешкадами Европа дар катори мактаби барчастаи рассоми мактаби контрапунктистхои нидерланди (франкиву-фламанди)-ро низ такмил дод, ки он дар дигар мамлакатхо хам пахн шуда, ба нашъуна­мои полифонияи вокали-хории Евро­па ибтидо гузошт (Г. Дюфаи, Й. Окегем, Я. Обрехт, Хоскеи де Пре, Орландо ди Лассо, Г. Изаак ва дигарон). Санъати миллии потсуснавози — ка­рийон ба вучуд омад. Комёбихои нотачопкунии асрхои 16—18 ба нашрияхои нидерландии Амстердам алокаманданд. Дар давраи револютсияи буржуазии Нидерландия (1560—1609) сурудхои гёзхо (гозиён) — шуришгароне, ки бар зидди зулми испанихо мубориза мебурданд, шухрат пайдо карда буд. Аз асри 17, баъди чоришавии кальвинизм, дар музофотхои мустакили шимоли санъати аргунуннавози инкишоф ёфт ва консертхои оммавии аргунуннавози (дар Амстердам, аввалин бор дар Европа) ташкил карда шуданд (Намоёнтарин устоди аргунунавоз ва бастакор Я. П. Свелник). Дар асрхои 17—18 навозандагони нидерланди ва фламанди машхур гардиданд, ансамблхои навозандагон, чамъиятхои дустдорони мусики пайдо шуданд. Дар асри 19, баъди истиклолият ба даст овардани Нидерландия, маданияти мусикии милли-демократи ин­кишоф ёфт, омузихгоххои миллии мусики ташкил шуданд, чамъиятхои консерти ба вучуд омаданд. Бастакорон романтикхои миёнаи асри 19: Й. Ферхюлст, Б. Рулофс, Р. Хол ва дигарон. Аз охири асри 19 дар Амстердам чамъияти консертии «Консертгебау» вучуд дорад ва он бо оркестри симфонии худ дар чахон машхур аст. Дастахои операи милли ташкил ёфтаанд. Мактаби мусикии милли ташкил шуд. Бастакорон Б. Звере, А. Дипенброк ва Й. Вагенар ба ин мактаб рохбари мекарданд ва баробари офарндани асархои барчаста зумраи навозандагони миллии аввали асри 20 (К. Доппер, Ю. Рёнтген, Я. ван Гилсе, В. Ландре ва дигарон)-ро тарбият карданд. Соли 1930 тахти рохбарии X. Загвейн, М. Фермелен, С. Дресден ва Д. Рейнеман, ки роххои нави эчодиро чустучу мекарданд, чамъияти мусикии замонавии Нидерландия ба вучуд омад. Бастакори нимаи якуми асри 20 В. Пейпер бо эчодиёти хоси худ ба мактаби миллии бастакории муосир таъсири калон расонд ва шогирдони зиёдеро тарбия намуд (Г. Ландре, К. ван Баттен, X. Бадингс ва дигарон). Дар мамлакат холо бисёр иттиходияхои хори амал мекунанд (аз чумла «Овози халк»), клубу чамъиятхои гуногуни мусики, 12 оркестри симфони, 7 консерватория, 3 литсеи мусики, Институти мусикии калисои католикии Нидерландия, факт-хои таърих ва назарияи мусикии унститктхои Амстердам, Лейден ва Утрехт мавчуданд; журналхои махсуси мусики чоп меша- ванд.

Театр ва кино. Аз охири асрхои 12 дар Нидерландия драмаи калисои равнак ёфт. Дар асри 14 чамъиятхои дустдорони адабиёт ва театр ба вучуд омада, дар асри 16 фаъолияти онхо ба авчи аъло расид (мистерия, фарс ва моралитехо — пьесахои андарзи намоиш дода мешуданд). Дар ибтидои асри 17 театрхои мукими ба вучуд омаданд. Соли 1638 Театри шахрии Амстердам ташкил ёфт ва маркази хаёти театрии мам­лакат гардид. Ташкил ёфтани «Иттиходияи театрии Нидерланд» (1870) ба тараккиёти театр ёрии калон ра­сонд. Соли 1875 дар асоси он театри «Сахнаи Нидерланд» кушода шуд.

Соли  1892 дастаи наве бо номи «Иттиходияи театрии Нидерланд» ташкил шуд ва бисёр песахои ахамияти «ичтимои доштаи X. Хейерманс, инчунин песахои М. Эмантс, Ф. Эден ва дигаронро ба caхна гузошт. Солхои 20 коллективхои драмавии хаваскорон, хусусан студентон, басо фаъол буданд. Солхои 1910—1930 дастахои теат­рии хусуси кор мекарданд ва ба онхо актёрон ва режиссёрони барчаста — В. Ройярдс, Э. Феркаде, бародарон Ф. ва Л. Бауместер ва дигарон рохбари намуданд. Намоёнтарин театрхои солхои 40—60 «Комедияи Га­ага» ва «Комедияи Нидерланд» буданд. Солхои 60—70 дастахои доими дар Арнем, Роттердам низ амал ме­карданд. Дар Амстердам музеи те­атр хаст.

Дар мамлакат истехсоли филмхои хуччати соли 1898, филмхои бадеи 1910 cap шуд. Солхои 1930 режиссёрхо Й. Ивенс, Г. Рюттен филмхои дорои ахамияти ичтимои офариданд. Дар давраи истилои фашистони Гер­мания истехсоли кинофилмхои мил­ли таназзул ёфт. Баъди озодшави дар бораи харакати Мукобилат филм­хои хуччатии барчаста ба навор гирифта шуданд, истехсоли кинофилмхои бадеи хам вусъат ёфт. Намоёнтарин режиссёрхо: Б. Ханстра, М. ван дер Хорст, М. Хас, Ф. Радемакерс, П. Ферхувен ва дигарон. Кино­студияи филмхои бадеи дар Дзёйвендрехт, филмхои хуччати дар Гаага ва Утрехт кор мекунанд.

Ад.: В а л ь и о в В. А., Экономика и политика Голландии после второй миро­вой войны, М., 1961; Волевич И. В., Современная литература Нидерландов, М., 1962; Грубер Р. И., История му­зыкальной культуры, т. 1, ч. 2. М.. 1941; Серебрянный Л. Р., Нидерланды. М., 1974.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …