Главная / Чугрофия / Давлати Непал

Давлати Непал

Непал, Подшохип Непал, давлатест дар Осиёи Чануби. Дар кисми марказии Химолой вокест. Дар  Шимол бо РХХ, дар Чануб Гарб ва Шарк бо Хиндустон хамсархад аст. Масохат 140.8 хазор километр2. Ахолиаш 14,179 миллион нафар (1981). Пойтахташ — Катманду. Непал аз чихати маъмури ба 14 минтака (анчол) ва 75 район таксим шудааст.

            Сохти давлати. Непал— мутлакияти подшохи. Конститусияи чориашро соли 1962 кабул карда, 1967 такмил дода­анд. Сардори давлат — шох. Сарвазир ва дигар аъзоёни хукуматро аз чумлаи аъзоёни Панчаяти милли (парламент) шох таъин мекунад. Шох дар айни хол сарфармондехи куввадхои мусаллах буда, хокимияти суди оли низ ба ухдаи уст. Дар хузури шох ду органи машварати — Совети давлати ва Совети рохбарияти милли хаст. Системаи суди: Суди Оли, судхои райони, минтакави ва регионали.

            Табиат. Сарзамини Непал нудистон аст. Аз Шимол Гарб ба самти Чануб Шарк ду катори куххо кашол ёфтаанд, ки онхоро водиву пастхамихо аз хам чудо кардаанд. Иклимаш субэкватории муссони. Дар Чануб харорати миёнаи январ 15° Селсия, дар пастхамихои байникухи — 0—10° Сулсия; дар баландии зиёда аз 4000 метр кисми зиёди сол хаво хунук аст. Дар Чануб харорат мохи июл ба 30° Селсия, дар пастхамихои байникухи ба 20° Селсия расида, дар баландии 4,5—5 хазор метр то 10° Селсия паст мефарояд. Боришоти солонаи доманаи чануб ва нишебихои кух зиёда аз 2000 миллиметр, дар пастхамихо кариб 1500 миллиметр. Дарёхояш пуртугён ва остонадор буда, захираи бои энергетики доранд. Дарёхои калонаш: Карнали, Гандак, Коси, Багхмати. Кулхои калон надорад. Дар доманаи Химолой ва нишебихои чануби он бешахои муссони, дар махалхои бештар сернам ва ботлокзор чангалхои анбуд мавчуданд. Дар баландии 3000 метр бешаи дарахтони сузанбарг (чалгуза, ладен, коч, санавбар) ва зиёда аз 4000 метр паттазор месабзад. Дар нишебихои шимол чо-чо набототи даштхои хунук меруяд. Олами хайвоноташ бой ва гуногун. Дар чангал фил, паланг, бабр, каркадан, гуроз, маймуни бисёр, тути, товус дучор меоянд. Морхои захрнок низ бисёранд. Дар кухсор хирси химолои, юзпаланг, архар, нахчир мавчуданд. Олами хайвонот ва набототи тропики дар куруки Читауэн, дар богхои миллии Лантанг, Сагарматха, Нагарчун ва кули Papa мухофизат ва нигохубин карда мешаванд. Дар бораи сохти геологи ва сарватхои зеризамини нигаред Химолой.

            Ахоли. Ахолии Непал кариб ба 60 за­бон ва лахчаи оилаи забонхои хиндуевропои ва Тибету хитой гуфтугу мекунад (14-тои онхо хат доранд). Халки асоси непалихоянд ва шумо- раи ондо зиёда аэ 7 миллион нафар (1961) буда, дар марказ ва чануб гарби Непал зиндагони мекунанд. Забони давлати — непали. Кариб 90% ахоли ба хиндуия эътикод дорад; буддоиён ва мусулмонон низ хастанд. Зичии миёнаи ахоли дар 1 километр2 кариб 80 кас. Шахрхои калон: Катманду (ахолиаш 180 хазор нафар 1978), Лалитпур (Па­тан), Бхактапур (Бхадгаон), Биратнагар, Непалганч, Бирганч.

           Очерки таърихй. Дар миёнаи хазораи 1 то милод дар бешазори доманаи куххо кабилахои видеххо, шакя, малла, личчхавхо мезистанд. Дар давраи мезолит дар водихо кабилахои зангиву австралисурат ва мугулсурат (ачдодони невар, кирати ва дигар халкхо) маскун буданд. Дар асри 1 дар водии Катманду давлати давраи аввали феодализм — Невар ба вучуд омад. Невар дар зери таъсири маданияти хинд ривочу равнак меёфт, бо Тибет ва хитой робита дошт. Дар асри 15 давлати Невар ба чанд мулкхои хурд (Бхадгаон, Па­тан, Катманду, Чумла, Палпа ва гайра) чудо шуд. Дар шарки Непал кабилахои кирати ва лимбу зиндаги мекарданд. Дар мулкхо муносибатхои феодали ташаккул меёфтанд. Дар натичаи аз Хиндустон ба Непал хичрат намудани (асри 12) бисёр мардумони хиндуориёни ва бо кабилахои махаллии магар, гурунгхо ва гайра омехтани онхо тадричан халкияти кхас ташаккул ёфт, ки он ба забони гурухи кхас — кураи хиндуориёни (хозира непали) гaп мезад. Асрхои 15—16 кхасхо дар Непал ба яке аз сершумортарин гуруххои этники табдил ёфтанд. Химолок Непал.

Асрхои 16—17 мулки кхасу магарии Гуркха пуркувват шуд. Хокими он Рам Шох (солхои ахдаш 1605—32) бо максади мустахкам намудани хокимияти маркази як катор ислохотхои маъмури гузаронида, конунхоро такмил дод. Дар ахди хоким Притхви Нараян (1742—69) мулкхои хамсоя ба мулки Гуркха хамрох карда шуданд ва давлати мутамаркази Непал ба вучуд омад. То oxири aсри 18 территорияи Непал дар Гарб то Кашмир ва дар Шарк то Сикким вусъат ёфт. Аз нимаи дуюми асри 18 таъсири Ширкати Ост-Индияи Анг­лия ба Непал афзуд. Соли 1814 Ширкат бо бахонаи он, ки гуё гуркхо ба чанд кароргохи сархадии кушунхои Анг­лия хамла оварда бошанд, ба Непал чанг эълон кард. Кушунхои Непал ба кушунхои англисхо мукобилат нишон дода натавонистанд. Соли 1816 Непал мачбур шуд ба шартномае имзо кунад, ки мувофики он як кисми территорияи мамлакат ба ихтиёри ширкат мегузашт, дар Катманду ба резиденти Англия чой дода мешуд ва сиёсат хоричии мамлакатро англисхо зери назорати худ мегирифтанд.

Соли 1846 Ширкат ба Чанг Баходур ном сардори хонадони феодалии Рана ёри расонд, ки табаддулоти давлати ба амал орад. Баъди табаддулот Чанг Баходур сарвазир шуд. Ба дигар мансабхои олии давлати низ ахли хонадони Рана сохиб шуданд. Дар ахди хонадони Ра­на (1846—1951) хочагии Непал тамоман хароб гардид. Хукмронии муносибатхои феодали, чудоии географи ва иктисоди ба инкишофи куввахои истехсолкунандаи мамлакат монеъ мешуданд. Муваффакиятхои муборизаи милли-озодихохи дар мамлакатхои Осиё баъди Чаиги дуюми чахон (1939—45) ва шикасти мустамлккадори дар нн мамлакатхо барои равнаки муборизаи эиддифеодали ва зиддиимпериалистии халки Непал шароити мувофик фарохам оварданд. Синфи коргар ташаккул ёфт.

Фаъолияти мухочирони сиёсии дар Хиндустон будаи Непал чонноктар шуд. Соли 1947 дар Калкатта партияи Конгресси миллии Непал (аз соли 1950 —Конгресси Непал) таъсис ёфт. Ин партия дар муттахид кардани куввахои зидди Рана дар Непал роли мухим бозид. Соли 1949 Партияи коммунистии Непал таъсис ёфт. Фронти ягонаи куввахои зидди Рана ташкил шуд. Ин фронт ба хукмронии Рана хотима гузошт (револютсияи 1951). 18 феврал 1951 бо фармони шох Трибхуван коидаи мероси будани мансаби сарвазири бекор карда шуд. Конститутсияи муваккатии Непал мамлакатро монархияи конститутсиони эълон кард. Ин конститутсия хукукхои граждани ва озоди (хукуки таъсиси партияхо ва ташкилотхо, хукуки интихоботи умуми ва гайра)-ро эълон намуд. Соли 1959 конститутсияи нав кабул карда шуд ва он хукукхои демократию озодии халкро махдуд намуд. Дар интихобо­ти парламент (1959), ки дар таърихи Непал аввалин интихобот буд, номзадхо аз партиям Конгресси Непал галаба карданд. Онхо ваъда доданд, ки ислохоти аграри гузаронида, аппарати маъмури ва тарзи корбарии судро тагйир медиханд, ахволи мехнаткашонро бехтар мекунанд. Вале ба ваъда вафо накарданд. Дар шароити тезу тунд шудани низоъу нифоки ичтимои ва иктисоди шох Махендра Дева (1955—72) 15 декабр 1960 парла­мент ва хукуматро пароканда карда, тамоми хокимияти конунбарор ва ичроияро ба дасти худ гирифт. Фаъолияти хамаи партнияхои сиёсиву ташгкилотхо манъ ва конститутсияи нав (1962) кабул карда шуд.

Дар Непал системаи панчаят — хокимияти махалли ва маркази (Панчаяти мил­ли), системаи органхои ичроия чори шуд. Дар тахти назорати хукумат ташкилотхои синфи (ташкилотхои дехконон, коргарон, чавонон, за­нон, собик харбиён, бачагон) таъсис ёфтанд. Мувофики конунхои нави соли 1963 акди никохи ноболигон, мачбуриятхои гуногуни мехнати ва махдудияти кастахо манъ карда шуд. Непал аз соли 1955 аъзои ТДМ ва бисёр дигар ташкилотхои байналхалки аст. Муносибатхои дипломатии СССР ва Непал 20 июли 1956 ба рох монда шуд.

Непал бо СССР шартномаи хамкории иктисоди, мадани ва тичорати бастааст. Непал дар конференсияхои давлатхои ба блокхои харби хамрохнашудаи Белград (1961), Кохира (1964), Лусака (1970), Алчазоир (1973), Гавана (1979) иштирок кардааст.

            Хочаги. Непал мамлакати кафомондаи аграриест, ки дар иктисодиёти он муносибатхои феодали ва лимфеодали хукмронанд. Аз солхои 60 дар Непал ба муносибати кабул гардидани конуни ислохоти аграри дигаргунихои ичтимои ва иктисоди ба амал омаданд. Хукумат мувофики программахои тараккиёти иктисоди (1956/ 57-1960/61; 1960/61—1964/65; 1964/ 65—1970/71; 1970/71—1974/75) ба инкишофи наклиёт, энергетика, хочагии кишлок ва обёри ахамияти калон медихад. СССР ба Непал дар сохтмони рохи автомобилгарди Бирганч — Чанакпур, ГЭС (Панаути), объектхои саноати: заводи канд ва заводи асбобхои хочагии кишлок (Бирганч), фабрикаи тамоку (Чанакпур) ёри расонд. Кисми зиёди ахоли дар хочагии кишлоки майдамоли кор мекунад. Дар Непал косиби ва хунарманди ривоч ёфтааст. Дар нохияхои кухи хочагии натурали боки мондааст.

Хочагии кишлок. Аз нисф зиёди замини корам дар дасти заминдорони калон мебошад, ки онхо ин заминхоро ба дехконон ичора ме­диханд. Дар мамлакат найшакар, чут, чой, шоли, арахис, хардал, кар­дамон, банан, лубиёи чини, ситрусихо, чав, чавдор, сули, чуворимакка, картошка парвариш мекунанд. Чорводори асосан дар кухистони Непал тараккй кардааст. Дар ин чо хашгов, гусфанд, буз ва гайра мепарваранд. Соли 1977 дар Непал 10,7 миллион cap гов, 5 миллион cap бузу гусфанд, 0,3 миллион cap хук буд.

С а н о а т и мамлакат суст таракки кардааст. Ангиштсанг, маъдани охан, вараксанг, селитра, мис, тилло дасти истихроч карда мешавад. Саноати махсулотбарори асосан бо коркарди ашёи хоми хочагии кишлок машгул аст. 3аводхои канд, фабрикахои тамоку, чут, шоликуби, корхонахои саноати хуроквори, чубгари, когаз, химия, чарму пойафзол, хишт ва гайра хаст. Тули рохи охан камбар 102 километр (рохи охани сербар надорад), дарозии роххои автомобилгард кариб 4,7 хазор километр (1981). Непал бо Хиндустон, Бангладеш, Бирма, Покистон, Таиланд алокаи хавои дорад.

Непал ба хорича чут, галла, найша­кар, тамоку, мушк, пашм, пуст, гиёхи дорувори, маснуотн косиби бароварда, аз он чо тачхизоти мошин, лавозимот, наклиёт, махсулоти нефт, семент ва гайра меоварад.

Алокаи тичоратии СССР ва Непал низ беш аз пеш инкишоф меёбад. Непал аз туризм даромади калон мегирад. Вохиди пул — рупияи непали.

            Тандурусти. Бино ба маълумотхои нопурра соли 1971 ба 1000 нафар ахоли 44,6 таваллуд ва 22,96 фавт рост омадааст. Касалихои сирояти ва парази­тари — сил, исхоли хунин, пагзак, касалии шуш, варача, сурхча, трахо­ма бештар пахн шудаанд. Солхои 70— тоун ва махав (дар Шимоли Fарб) авч гирифт. Соли 1971 дар мамлакат 55 касалхонаи дорои 2,0 хазор кат (1 кат ба 10 хазор ахоли) мавчуд буд. Хамон сол 338 духтур (1 духтур ба 36,5 хазор ахоли), 692 ёрдамчии духтур, 8 дух­тури дандон, 335 хамшираи тибби ба ахоли хизмат мерасонд. Хамширахои тибби дар худи Непал, духтурон дар университетхои Хиндустон тайёр карда мешаванд.

            Маориф. То ибтидои соли 1978 зиёда аз 80%’ ахоли бесавод буд. Мувофики плани таракки додани маорифи мил­ли барои солхои 1971—76 сохти нави мактаби 10-сола: мактаби ибтидоии 3-сола (кабул аз 6-солаги), мактаби миёнаи нопурраи 4-сола ва миёнаи пурраи 3-сола чори гардид. Аз соли тахсили 1975/76 таълим дар синфхои 1—5 бепул шуд. Таълим дар мактабхо ба забони миллии непали бурда мешавад. Мактаби миёнаи пурра аз 4 зина иборат аст: академи, маълумоти умуми, касбхои техники ва санскрит. Соли тахсили 1974/75 дар мактабхои ибтидои зиёда аз 401 хазор, дар мактабхои миёна зиёда аз 221 хазор, дар системам тайёрии касби зиёда аз 11 хазор, дар системаи тайёр кардани муаллимон барои мактабхои ибтидои кариб 4 хазор талаба мехонд. Соли таксили 1974/75 дар мактабхои оли 21 760 студент мехонд. Дар Киртипур (наздикии Катманду) Университети ба номи Трибхуван (таъсисаш 1958) хаст. Дар Катманду институти педагоги ва мактабхои техники вокеанд. Мухлати тахсил дар мактабхои ибтидои 6 сол, дар мактаби миёна 3 сол. Мувофики системан нави маориф дар Непал чунин тип и мактабхо ташкил мешаванд: мактаби ибтидои (синфхои 1—3), миёнаи нопурра (синфхои 4—7), миёна (синфкои 8—10). Таълими касбхои техники дар базаи мактаби миёнаи нопурраи типи Анг­лиси ба амал бароварда мешавад. Мактабхои хочагии кишлок техники, чангалпарвари, омузишгоххои тибби ва педа­гоги дорад. Соли тахсили 1969/70 дар мактабхои касбхои техники 6 хаз., дар омузишгоххои педагоги 365 нафар талаба мехонд. Непал университет ва чандин коллеч дорад. Студентони Непал дар хорича, асосан дар Хиндустон, СССР ва ШМА тахсил мекунанд. Академи­яи шохи (таъсисаш 1957) маркази илмии мамлакат аст. Дар Катманду Китобхонаи милли, китобхонаи Университети ба номи Трибхуван, Китобхонаи маркази, Музеи миллии Непал (таъ­сисаш 1938) вокеанд.

            Матбуот ва радио. Соли 1978 дар Непал 24 газета и харруза ва такрибан 50 газетаи хархафтаина ва журналхо нашр мешуд. Газетахои бонуфуз ба забо­ни непали — «Горкхапатра*, таъси­саш 1901, хукумати, «Непал таймс» таъсисаш 1954, «Найя Сомач», таъ- сисаш 1956; ба забони англиси — «Райзинг Непал# («Rising Nepal»), (таъсисаш 1965, хукумати); «Коммонер» («Commoner», таъсисаш 1954); «Мазерленд» («The Motherland», таъ­сисаш 1957); «Химали Бела» («Hi- mali Bela», таъсисаш 1970). Радиои Непал— «Радио Непал» (таъсисаш 1951, хукумати), ба забонхои непали ва англиси ахборот мешунавонад. Телевизион надорад.

            Адабиёт. Адабиёти Непал ба забонхои непали ва невари инкишоф меёбад. Осори кадимаи адабиёт — эпиграфи­ка (миёнаи хазораи якуми 1 милод), ваншавали (шачара), махатмя (хам- ду наът) — «Сваямбху-пурапа» (асри 10), «Непали-махатмя» (асрхои 14— 15) ба санскрит таълиф шудаанд. Дар асри 15 адабиёти дуняви ба вучуд омад. Дар назм жанри стути (наът ва хамди шохон) мавкои асосиро ишгол кард, лирикаи ишки инки­шоф ёфт (Пратап Малла асри 17, Чагатпракаш Малла асри 17 ва дигар). Драматургхо ба рисолахои классикии санскрити оид ба санъати теат­ри такя кунанд хам, хусусиятхои намоиши театрхои халкиро ба назар гирифта асархо меофариданд. Дар тули чандин асрхо «Макабхарата», «Рамаяна» ва пуран («Таърихи Нал»-и Говинда Чха) хамчун манбаи сюжети драма хизмат мекарданд. Дар асри 19 баробари давлати гардидани забони непали адабиёт низ ба ин забон ривочу равнак ёфт. Шоирон Басанта, Индирас, Ядунатх, Рагхунатх, Б. Кесари сюжетхои анъанавиро (хадиси Кришна ва гайра) истифода мебурданд. Дар аввали асри 19 наср («Достони Матсендранатх» ва гайра) ба вучуд омад. Назми Бханубхакта (1812—68) дар адабиёт мархалаи наве гардид. Шоирони асри 20 Лекхнатх ва Дх. Коирада аз коида ва конунхои кухнаи адаби даст каши- данд. Коирала аввалин шуда ба мавзуоти граждани ру овард. Адабиёти Непал дар зери таъсири чхаявадаи (романтизми) хинди ва романтикаи англиси монда буд.

Ба пешрафти адабиёти Непал журнали адаби-бадеии «Луга» (1934) мусоидат намуд. Дар журнал хикояхои Г. Майналн, II. Шамшер, Б. Бхикшу, К. Малла, Б. Тивари, М. Коирала, Б. П. Коирала, Готхале ва дигар дарч гардиданд, ки дар онхо зисту зиндагонии табакахои миёна ва кашшок, бехукукии занон, кадру кимати одами тасвир шудаанд. Дар романхои «Рупмати», «Мухаббат», «0мурзиш»-и Рудрароча Пандей, «Чархи кисмат»-и Рамп- расад гояи камоли ахлок ифода ёфтааст. Солхои 30 драматург Б. Сама дар песахои «Ман», «Бандаи ишк» (1938) бар зидди акди никохи ноболигон ва бехукукии занон баромад. Солхои 40 драмаи якпардаги маъмул шуд. Ташаккуди драмаи муосир ба солхои 30 асри 20 рост омад, Соли 1951 хокимияти сулолаи Рана бархам хурд, ки он дар таърихи Непал гардиши калоне буда 6а адабиёт низ таъсир гузошт. Аксари асархое, ки дар жанрхоии пешоханги адаби «Индрени», «Рачана», «Рупрекха», «Химаши» ва гайра чоп мешуданд, дар бораи он шаходат медоданд, ки адибон роли худро дар мубориза барои ояндаи бехтар дуруст дарк мекунанд. Назми солхои 50 бо гояи сулх, бародарии хамаи нажоду миллатхо (достони «Инхо тири тупанд»-и Л. Девкота, шеърхои «Одамонро дуст медорам», «Ба одами»-и Б. Сама, «Бомбаи водороди»-и М. Гхимире) фарк мекунад. Баъди бархам хурдани сулолаи Рана (1951) аъзоёни бисёр иттиходияхои адаби, ки дар мухочират буданд, ба ватан баргаштанд.

Соли 1951 «Чамъияти забо­ни невари» ташкил шуд. Адабиёти ба забони невари, ки аз охири асри 14 ин чониб вучуд дошт, бо жанрхо ва мазмуни нав ганитар гардид. Сударшан Срамарен, Сатямохан Жуши, Химлал Жуши дар мавзуъхои таърихи драмахо офариданд. Дар ро­манхом Ишварананда Шрестхачаря «Оина», «Хуни сард» хаёти вазнини табакахои миёнаи ахолии шахр ба таври реалистона инъикос ёфтааст.

             Меъмори ва санъати тасвири. Ба санъати Непал таъсири наккошию меъ- мории Хиндустон ва Хитой бараъло мушохида мешавад. Дар асрхои 15—18 дар Нерал бо услуби меъмории Хиндустон ибодатхонахои манорадор ва бо усули Хитой бинохои бисёркабатаи накшини чубин сохта шудаанд. Дар санъати меъмории охири  асри 19 Непал таъ­сири меъмории Эрон ва Арабистон, дар санъати ибтидои асри 20 таъсири меъ­мории Европа дида мешавад. Аз солхои 50 cap карда дар Катманду, Чанакпур ва дигар шахрхо бо услуби меъмории муосир бинохо бунёд мешаванд. Санъати хайкалтарошии асрхои миёнаи Непал ба санъати давраи хукмронии сулолаи Гуптхои Хиндустон, рассоми (минётураи дастхатхои асрхои 11—14) ба услуби рассомии Хиндустони Шимолу Шарки наздик аст. Асрхои 15—18 санъати бо услуби укнум (икона)-хои тибети «танка» (дар матоъ кашидани расм) маъмул гашт. Санъати рассомии асри 20 дар зери таъсири «давраи эхёи Банго­ла» ва санъати рассомии реалистонаи Европа инкишоф ёфт.

             Театр ва мусики. Аз кадимулайём дар театрхо намоишхои халки — нритяхо (раксхои рамзи якчоя бо мусики ва суруд) нишон дода мо­шуданд. Хар як халк сохиби раксу намоишхои худ — деви нритя, гхату нритя (намоншхо бахшида ба хёти худохо ва кахрамонони афсонави) ва бара масе (акди никох, иди хосил ва гайра) буд. Раксу намоишхои халкии асрхои 15—18 дар асри 20 шакли хозираро гирифтанд. «Махакали», «Харисиддха», «Пачали». «Канкешвари», «Гхантешвари» барин намо- намоишхои халки зуд-зуд ба сахна гузошта мешуданд. Дар шахри Бхактапур дар дарбори Суварна Малла «Нав Дурга», «Махалакшми» ва гайра намоиш дода мешуданд. Дар рафти тамоми намоиш (он кариб 3 соат давом мекард) актёр хамаги 8—10 ибора мегуфту баъд мазмуни онро тавассути ракс (бо чуршавии хор) ифода мекард. Дар зери таъсири шаклхои гуногуни намоишхои халки жанри классикии театри непали — гитинатя (намоиши хореографи, ки ба он хор ва солистхо чур мешаванд) ба вучуд омад. Агарчи драматургия дар Нерал ривочу равнак дорад, вале то соли 1973 дар ин чо ягонто хам театри драмаи доими набуд. Солхои 40 асри 20 дар мамлакат чандин дастаи хаваскорон вучуд доштанд. Охири соли 1973 коллективи хаваскорони мусики, ки бо ташаббуси чамъияти «Маданияти мо» ташкил ёфта буд, гитинатияи мачозии «Химоя»-ро ба сахна гузошт. Соли 1973 ин.  коллектив ба коллективи касби табдил ёфт.

Дар борамон

Инчунин кобед

boysun

БОЙСУН

БОЙСУН, нохия (аз 29 сентябри соли 1926) ва шахр (аз 1975, маркази нохияи Бойсун) дар …