Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Давлати КАТАР

Давлати КАТАР

КАТАР давлати Катар, дар Осиёи Чан- Гарби, дар нимчаз. Катар (шим. шарки ним чаз. Арабистон); онро хал. Форс ихота кардааст. Масох. 11,3 хаз. км. Ахолиаш 300 хаз. наф. (1985), асосан арабхо. Ахолии шахри 70%. Дини хукмрон — ислом. Забони расми — араби. Пойтахташ ш. Доха.

К.—хокимияти мутлаки (то 1 сент. 1970 протекторати Британияи Кабир буд). Сардори давлат —амир.

Сатхи К. биёбони хамвори паст. Иклимаш тропикии хушк. Харор. миёнаи янв. 16°С, июль 32*С. Боришоти солона кариб 100 мм.

К. дар а. 7 ба Хилофати араб дохил гардид. А-хои 13—14 дар зери хукмронии амирхои Бахрайн буд. Дар авв. а. 16 К.ро( якчоя бо Бахрайн), португалихо ва дертар туркхои усмони забт карданд. К. объекти муборизха байни Эрон, Туркия, пешвоёни кабилахои араб, хукуматдорон Уммон ва Саудиён гардид. Дар нимаи дуюми асри 18 дар худуди К. бо сардории сулолаи Тани салтанати хурде ташкил ёфт ва ин сулола дар ох. а. 19 тамомиК.-ро муттахид намуд. С. 1871 империяяи Усмония К.-ро аз

нав забт кард.КЦ. мувофики созишномаи 3 нояб. 1916 протекторати Британияи Кабир гардид. Аз 1 сент. 1971 давлати мустакил (аморат).

Асоси иктисодиёти К.— истихрочи нефт (18,8 млн т, 1984). 90% даромади умумии давлат аз хисоби фурухтани нефту газ мебошад. Корхонахои саноати коркарди нефт, химия ва цемент дорад. Дар водихо хурмо мепарваранд; арзан, чуворимакка, гандум, чав ва сабзавот кишт мекунанд. Дар биёбонхо асосан шутурпарвари ривоч, ёфтааст. Аз бахр мохи ва марворид мегиранд. Тули умумии роххои автомобилгард 2,2 хаз. км, нефту газопроводхо 0,55 хаз. км (1984). Шарикони асосии тичоратиаш: Япония, ШМА, Британияи Кабир, Франция, РФГ. Вохиди пул— риали Катар.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …