Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Давлати ЯМАЙКА

Давлати ЯМАЙКА

yamayka

ЯМАЙКА, (Jamaica), давлатест дар Вест-Индия, дар хал. Ямайка. Ба Иттиходи Британияи Кабир дохил аст. Масох. 11,5 дав. км3. Ахолиаш 2,3 млн наф. (1983), асосан ямайкагихо (зангихо ва акдишхо).

Диндорон асосан протестантхо. Пойтахташ ш. Кингстон. Аз чихата маъмури ба 3 графи таксим шудааст. Сардори давлат — маликаи Англия, намояндаи у дар Я. генерал-губернатор мебошад. Органи Олин конунбарор — парламент.

Кисми зиёди чазираро пуштакухи охаксанги (баландиаш 500—1000 м) ишгол кардааст; дар шарк куххои Блу-Маунтин (баландиаш то 2256 м) вокеъ гаштаанд. Иклим тропикии пассатист. Харор. миёнаи мохона 24— 27°С. Боришоти солона 800—5000 мм. Дар маркази чазира ва нишебихои шим. шаркии куххо бешахои хамешасабзи тропики мавчуданд.

yamayka1

Дар замонхои кадим сокинони чазира хиндиёни Америка буданд. С-хои 1494—1670 мулкп Испания буд. Дар натичаи сиёсати мустамликадории Испания ахолии махалли пурра кир шуд; с. 1513 аа Африка овардани гуломон (барои кор дар плантацияхо) огоз ёфт. С. 1670 Я. мустамликаи Британияи Кабир шуд. Аз с-хои 70 а. 19 капитали ШМА ба иктисодиёти Я. рох ёфт. С. 1959 Я. хукуки худидоракунии дохилиро ба даст даровард, аз с. 1962 мамлакати мустакил дар хайати Иттиходи Британияи Кабир аст. Аз с. 1975 бо СССР алокаи дипломати дорад.

Асоси иктисодиёти Я. истихрочи боксит (7,7 млн т, 1983) ва истехсоли гилзамин (2 млн т оксиди алюминий, 1983) мебошад. Кисми зиёди боксит ба экспорт меравад, аз бокимондааш оксиди алюминий хосил мекунанд. Истихрочи боксит ва истехсоли гилзаминро асосан монополияхои ШМА назорат мекунанд. Саноати хурокворию адвиёт (канд, ром, тамоку), саноати сабук низ тараки кардааст. Корхонахои истихрочи гач, коркарди нефти импорти, вивели аппаратураи (аз чумла электрони), коркарди металл, истехсоли цемент, махсулоти химияви, фармацевти низ мавчуданд.

Зироатхои асосии х. к. найшакар (чамъовари 2460 хаз. т, 1982), банан (117 хаз. т.), растанихои цитруси (65 хаз. т.), ананас (5 хаз. т.), кахва, какав, каланфур, тамоку. Чуворимакка, шоли, маниок, батат, сабзавот низ кишт мекунанд. Чорводори суст таракки кардааст. Асосан гов, хук, буз мепарваранд.

Тули р. о. 356 км, роххои автомобилгард 16,8 хаз. км (1982).

Вохиди пул — доллари ямайкаги.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …