Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Дарёи Оксу

Дарёи Оксу

Оксу, дарёест дар Помири Шарки, болооби дарёхои Бартангу Мургоб. Тулааш 222 километр, масохати хавзааш 10 500 километр2. Аз нишебихои чануби каторкухи Ва­хон cap шуда, 37 километраш аз территорияи Афгонистон ва бокимондааш аз территорияи райони Мургоби Вилояти Автономии Бадахшони Кухи мегузарад. 15 километр шарктар аз посёлкаи Мургоб ба Оксу дарёи Окбайтали Чануби хамрох мешавад ва он Мургоб ном мегирад.

Водии дарё дар болообааш тангу чукур бу­да, дар территорияи Помири Совети то 10— 15 километр васеъ мешавад. Манбааш пиряху барф. Сарфи миёнаи об тобистон дар наздикии посёлкаи Мургоб 24— 47 метрэ/сония, зимистон 4—5 метр3/сония. Шохобхои асосиаш: аз рост — Тегирмонсу, Хонйули, Бейик, Болгин, аз чап — Истиклолияти Сулуистик. Дар карибии саргади Оксу Чакмоктинкул вокеъ гаштааст. Дарё зимистон ях ме- бандад. Дар кисми дарёбоди Оксу маргзордои сералаф бисёранд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …