Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Дарёи Ока

Дарёи Ока

Ока дарёест дар кисми европоии СССР, калонтарин ва пуробтарин шохоби рости дарёи Волга. Тулаш 1500 километр, масохаташ хавзааш 245 хазор километр2. Аз кисми марказии Баландии Миёнаи Рус ибтидо ёфта, дар наздикии ш.ахри Горкий ба дарёи Волга мерезад. Аа саргахаш то хамрох шудани дарёи Мо­сква дар водии бараш то 3 километр чори мешавад, мачрояш пурпечутоби ос- тонадор аст.

Аз резишгохи дарёи Моск­ва поёнтар водии то 20—30 километр васеъ мешавад. Дар ин кисм хам мачрои дарё пурпечутоб аст ва остонаю тунукобахои бисёри он киштигардиро мушкил мегардонанд. Барои бехтар кардани киштигарди дар ин масофа 2 шлюз ва дарготхои Белоомутовск, Кузминск сохта шудаанд. Шохобхои калонаш: аз чап — Жиздра, Угра, Москва, Клязма; аз рост — Зуша, Мокша.

Сарфи солонаи об дар лоёвоб 1300 метр3/сония. Давраи пуробиаш апрел— май. Дарё аз охирхои ноябр то охирхои апрел яхпуш аст. Аз шахри Чекалин то резишгох (1200 километр) киштигард мебошад. Ба воситаи Ока масолехи бинокори, чуб, ангиштсанг, галла, махсулоти нефт ва мо­шин мекашонанд. Шахрхои калони сохилхои Ока— Орёл, Калуга, Алек­син, Серпухов, Кашира, Рязан, Косимов, Муром, Павлово, Горбатов, Дзержинск, Горкий.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …