Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Дарёи Охайо

Дарёи Охайо

Дарёи Охайо (Ohio River), дарёест дар ШМА, шохоби чапи дарёи Миссисипи. Тулаш 1580 километр, масохати хавзааш 528,1 хазор километр. Дар наздикии шахри Питсбург аз хамрохшавии дарёхои Аллегейни ва Мовонгахила, ки дар колхозхои Аппалачи ибтидо меёбанд, ба вучуд омадааст. Шохобхои асосиаш; аз рост — Мас­кингем, Майами, Уобаш; аз чап — Кентукки, Каноуа, Камберленд, Тен­несси.

Дарёи Охаё
Сурати Дарёи Охаё

То шахри Луисвилл Огайо аз пуштакухи Аппалачи, баъд аз Хамвории Маркази чори мешавад. Давраи пуробиаш ба мавсими хунуки сол рост меояд, моххои август— сентябр камоб ме­шавад. Сарфи миёнаи об дар наздикии шахри Метрополис кариб 8000 меттри мукааб дар  як сония.

ДАР ХАРИТА

Дар ин дарё обхезихои калон шуда меистад; махсусан обхезихои солхои 1887, 1918, 1927, 1937 фалокатовар бу­данд. Дарё киштигард аст. Даро­зии роххои оби дар хавзаи Охайо кариб 4000 километр аст. Дар Охайо ва шохобхои он НОБ-хо сохта шудаанд. Дар сохилхои он шахрхои Питсбург, Синсинна­ти, Луисвилл вокеанд.

ВИДЕО ДАР БОРАИ ДАРЁ

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …