Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Дарёи Нил

Дарёи Нил

Нил (ба забони мисроёни хозира лотини Nilus, юн. Neilos), дарёест дар Африка. Тулаш 6671 километр. Масохати хавзааш 2870 два. километр2. Хавзан Нил территорияи давлатхои Руанда, Кения, Тан­зания, Уганда, Эфиопия, Судон ва Мисрро пурра ё кисман фаро гириф- тааст. Дарё аэ пахнкухи Африкаи Шарки бо номи Рукарара огоз ёфта, баъд аз бурида гузаштани кулхои Виктория, Кога ва Мобуту-Сесе-Секо (Алберт) ба бахри Миёназамин ме- резад ва дар резишгох делта (ма­сохат 22 хазор километр2) хосил мекунад. Шохобхои калонаш: аз рост — Асва, Собат, Нили Кабуд, Атбара; аз чап — Бадр-ал-Газол. Дар болообаш ва байни шахрхои Хартуму Асвон остонаю шаршарахои зиёде дорад. Дар хамвории Судон дарё ба масофаи 900 километр нохияи ботлокзорро бурида мегузарад. Дар ин чо мачрои дарё пур аз бардию (папирусу) обсабзост, ки онхо садди чараёни об шу­да, боиси хадафи сеяки об (бухор- шавию гизои растанихо) мегарданд. Режими оби Нил вобаста ба мавсими сол тагйир меёбад. Мохи июн дар натичаи авч гирифтаии боронгарихои кухсори Хабаши Эфиопия обхези ба вукуъ меояд. Дар поёноби Нил вакти пуроби сатхи об то 6—7 метр ба­ланд мешавад. Сарфи солонаи об (ба хисоби миёна) дар наздикии шахри Кохира 2284 метр3/сония, дар мохи пуробтарин 6435 метр3/сония (сентябр), дар мохи камобтарин 551 метр3/сония (май) аст.

Бо максади танзими чараёни дарё чандин даргот (Асвон, Чабалулавлиё, Саннор ва гайра) ва барои обёрии заминхо каналхои калони Юсуф, Иб- рохимия, Мансурия ва Исмоилия сохта шудаанд. Микдори лойкае, ни дарё хар сол ба киштзор ва кана­лу обанборхои атрофи шахри Асвон меоварад, ба 62 миллион м3 мерасад. Дар Нил ва шохобхои он ГЭС-хои Асвон, Начъ Хамади, Ал-Файюм, Оуэн-Фолс мавчуданд. Солхои 1960—70 бо ёрии СССР дарготи нав ва баланди Асвон (Ас-Садд-ул-Алй) ва ГЭС-и иктидораш 2,1 миллион кВт сохта шуд. Аз резиишгох то дарготи Асвон ва тамоми миёноби дарё киштигард аст. Тули умумии рохи оби беш аз 3000 километр. Нил аз мохи бой. Дар води ва делтаи Нил   и97%’ ахолии Миср зиндаги мекунад. Шахрхои калони сохилхои Нил: Искандария, Кохира, Асвон, Хар­тум.

Адабиёт: Попов И. В., Река Нил, Ленинград, 1958.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …