Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Дарёи Нигер

Дарёи Нигер

Нигер (Niger), дарёест дар Африкаи Гарби, дар территорияи давлатхои Мали, Нигер, Нигерия. Аз чихати дарозию масохати хавзааш баъди Нил ва Конго сеюмин дарёи Афри­ка аст. Тулаш 4160 км, масохаташ хав­зааш 2092 хазор км2. Нигер аз баландии Леон—Либерия бо номи Чолиба чори шуда, ба хал. Гвинеяи укёнуси Атлантик мерезад. Шохобхои калонаш: аз рост—Мило, Бани; аз чап— Сокото, Кадуна, Бенуз. Дарё аз саргахаш такрибан то 10° а. ш. аз байни куххо дар водии тант чори шуда, пас ба хамвории Судон мебарояд. Остонахо дорад: Фафа, Лала, Уру. 180 км болотар аз резишгох делтаи дарё cap мешавад (масохаташ 24 хазор км2). Болообаш июн — октябр, поёнобаш феврал— апрел обхез мешавад. Манбан оби дарё — боронзои муссонии тобистона. Сарфи миёнаи со­лона» об дар резишгох 8630 м3/сон., хангоми обхези то 30— 35 хазор м3/сон. Дарё соле 67 млн т лойка меорад. Захираи калони гидроэнергетикии он кариб истифода намешавад. Дар хавзаи дарёи Бенуэ ГЭС сохта шудааст. Кисмхои алохидаи дарё киштигард мебошад. Мохидори ривоч ёфтааст. Дар сохилхояш шахрхои калони Куруса, Бамако, Томбукту ва гайра вокеанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …