Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Дарёи Неман

Дарёи Неман

Неман, лит. Н я м у н а с, бело­руси—Нёман, Неманец, дарёест дар РССБ, РСС Литва кисман дар кад-кади сархади вилояти Калинингради РСФСР. Тулаш 973 километр, масохат. хавзааш 98200 км2. Сароби дарьё дар чануби баландии Минск вокеъ гаштааст. Неман аз пастии Неман чори шуда, ба халичи Куршии бахри Балтика мерезад ва дар резишгох делтаро ташкил медихад. Дар он чое, ки кухтеппаи Балтикаро бурида мегузарад, дарё бисёр печутоб мехурад ва остонахои зиёде дорад. Дар хавзаи Неман кулхои хурд бисёранд. Манбаи дарё барфу борон. Сарфи об ба хисоби миёна 678 метр/сония. Аз миёнахои март то охири май пуроб аст. Аз декабр то март ях мебандад. Шохобхои асосиаш: аз чап — Шара, Шяшупе, Сви­слочь; аз рост — Березина, Мяркис, Нявежис, Дубиса, Юра, Минин. Ба воситаи каналхо бо дарёхои Днепр ва Висла алокаманд аст. Аз резишгох то шахри Бирштонас мунтазам киштй мегардад. Дарё барои салкаши истифода мешавад. Дар Неман ГЭС-и Кау­нас ва обанбор сохта шудааст. Дар сохилхои дарё шахрхои Столбци, Мос­ти, Гродно, Друскининкай, Алитус, Каунас ва гайра вокеъ гаштаанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …