Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Чумхурии ЮНОН

Чумхурии ЮНОН

ЮНОН (Hellas), Республикаи Юнон (Hellenike Demokratia), давлатест дар Европаи Чануби. Дар нимчаз. Балкан ва чаз-хои сершумори (беш аз 100, калонтаринашон: Крит, Эвбея, Родос, Лесбос), вокеъ гардидааст. Масох. 131,9 хаз. км2. Ахолиаш 9,9 млн наф. (1984), ахолии шахри 65%. Пойтахташ ш. Афина. 95% ахоли юнонихо мебошанд. Забони расми — юнони. Аксари диндорон насрониёни православианд. Сардори давлат — президент, органи олии конунбарор — парламенти якпалатаги.

yunon

Такр. аз се ду кисми худуди мамлакатро куххои баландиашон миёна (нуктаи баландтаринаш 2917 м., к. Олимп) ва пахнкуххо ишгол кардаанд. Сохилхояш нихоят качу килебанд. Иклиму набототаш субтропикии бахримиёназаминист. Дар Афина харор. янв. 9°С, июль 27 С. Боришоти солона аз 350 мм (дар хамворихо) то 1400 мм. (дар к-хо). Кариб 44% худуди Ю. бешазор ва буттазор аст. Оид ба таърихи кадими Ю. ниг. Юнони Кадим, Византия. А. 15 Ю. дар тасарруфи империяи Усмония буд. Зимни Революцияи миллии озодихохии Юнон (1821—29) истиклолияташ-ро ба даст овард. Баъди аз Россия (1828—29) шикаст хурдани Туркия мувофики Созишномаи сулхи Адрианопол с. 1829 Туркия мухторияти Ю.-ро эътироф намуд. Аз 1830 Ю. мамлакати мустакил аст. Февр. 1862 дар Ю. революцияи буржуази ба амал омад. 10.— иштирокчии чанги Балкани с-хои 1912—13, инчунин Чанги Якуми чахони (аз тарафи Антанта) ва чанги байни Ю. ва Туркия, ки с-хои 1919—22 бо игвои мамлакатхои Антанта давом карда буд. С. 1918 Партияи коммунистии Юнон (ПКЮ) таъсис ёфт. С. 1924 байни Ю. ва СССР муносибатхои дипломати баркарор шуд. 25 марти 1924 Ю. республика эълон шуд. Дар натичаи овоздихии сохтакоронаи умумихалки (1935) дар Ю. хокимияти мутлака аз янв баркарор гардид; 4 авг. 1936 хокимият ба дасти харбиён гузашт. Окт. 1940 кушунхои Италияи фашисти Ю.-ро забт карданд (нояб. 1940 онхо аз хоки мамлакат пеш карда шуданд). Апр. 1941 кушунхои Германияи фашисти ба Ю. хучум карда, 2 июнь тамоми мамлакатро забт намуданд. Шояд Ю. Георги II аз мамлакат гурехт. Дар тахти рохбарии ПКЮ халк ба муборизаи мусаллах бархост. Сент. 1941 фронти миллии озодихохи (ФМО) таъсис ёфт. Дек. 1941 Армияи халкии озодихох (АХО) барпо шуд, ки он то охири окт. 1944 тамоми кисми хушкии мамлакатро аз кушунхои фашисти озод намуд. Маи 1944 «хукумати ягонагии милли» барои пахш кардани харакати демократии зиддифашисти ба Ю. кушунхои Англияро даъват намуд. 1 сент. 1946 баъди овоздихии сохтакорона (плебисцит) шох ба сари хокимият омад. Куввахои хукмрои ба кушунхои Англия такья карда чанги гражданиро cap карданд. Армияи демократии Ю., ки с. 1946 таъсис ёфта буд, ба мукобили реакция мубориза мебурд (с. 1949 мубориза кать гашт). С. 1947 ПКЮ гайри чонун эълон шуд. С. 1952 Ю. ба блоки НАТО хамрох шуд, 1953 ШМА барои чойгир кардани базахои Харбии худ дар худуди мамлакат бо Ю. созишнома баст. 21 апр. 1967 доирахои харбии иртичои табаддулоти давлати карда, тартиботи диктатураи харбиро чори вамуданд. Диктатурам нави харби, ки дар натичаи табаддулоти харбии 25 нояб. 1973 ба сари давлат омада буд, 15 июли 1974 дар чаз. Кипр табаддулоти гурухи мусаллахро ба амал овардани шуданд, вале шикаст хурд ва боиси сарнагун шудани диктатура гардид.

23 июли 1974 дар Ю. ба сари давлат хукумати граждани омад. Сент. 1974 ПКЮ аз пинхонкори баромад. Дар натичаи референдум (8 дек. 1974) дар Ю. мутлакият бархам дода шуд. Ю. аз с. 1981 аъзои Идтиходи иктисодии Европа (ИИЕ) мебошад. Ю. мамлакати индустриалию аграри буда, иктисодиёташ ба капитали хоричи мутеъ мебошад. Дар ташкили махсулоти умумии милли (1979) хиссаи саноат ва сохтмон 34% (29% -и ахолии кобили мехнат), х. к. 14% (34%-и ахолии кобили мехнат) аст. Дар х. к. дехкони мавкеи асоси дорад. Кисми зиёди замин дар дасти помещикон аст. 70% замини Ю. дар х. к. истифода мешавад, ки аз ин 30%-аш заминхои киштукорианд. Асосан галладона (гандум, чав, чавдор, чуворимакка, шоли; 5,7 млн т, 1984), лаблабуи канд, тамоку, пахта мекоранд; зайтун, ток, растанихои цитруси мепарваранд. Саршумори чорво (1984, ба хисоби хаз. cap): гов —945, гусфанд —8060, хук — 1190, буз —-4750; парранда —32 млн. Сохахои асосии саноаташ: истихрочи маъдан (боксит, пирит, маъданхои никель ва хром), бофандаги, хурокворию адвиёт, корхонахои алохидаи химия, коркарди нефт, металлургия, мошинсози, цемент, чарму пойафзол низ мавчуданд. Истехсоли энергияи электр —23,3 млрд кВт-с (1984). Савдои Флоти тичоратии бахри ахамияти зиёд дорад. Бандархояш: Пирей, Салоники, Элефнсис. Шарикони асосии тичоратиаш: РФГ, ШМА, Франция, Италия, Британияи Кабир, СССР, Япония. Муомилоти савдои беруни бо мамлакатхои Иттиходи иктисодии Европа 43%, бо мамлакатхои социалисти 11,5%-ро ташкил мекунад. С. 1985 ба Ю. 7 млн туристони хоричи омада буданд. Вохиди пул-драхма.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …