Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Чумхурии ЮГОСЛАВИЯ

Чумхурии ЮГОСЛАВИЯ

ЮГОСЛАВИЯ, Республикаи Социалистии Федеративии Югославия, РСФЮ (Socijalisticka Federativna Republika Jugoelavija), давлатест дар чан. Европа. Кисми зиёди он дар ним-чаз. Балкан. Аз чан. гарб бо б. Адриатика ихота шудааст. Масох. 255,8 хаз. км3. Ахолиаш 22,85 млн наф.. (1985); ахолии шахри такр. 67%. Пойтахташ ш. Белград. Давлати сермиллат (сербхо, хорватхо, словенхо, «мусулмонхо, македонихо, черногорихо, венгерхо, туркхо, албанхо ва г.). Кисми зиёди диндорон правосланхо, бокимондаашон католикхо, инчунин мусулмонхо. Ю. федерацияи 6 республикаи социалисти (Босния ва Герцеговина, Македония, Сербия, Словения, Хорватия, Черногория) мебошад; ба хайати Сербия ду кишвари социалистии автономи (Воеводина ва Косово) дохил аст. Хамаи забонхое, ки ахолии Ю. ба онхо гап мезанад, худуди якхела доранд. Органи олии хокимияти федерация Скушцинаи РСФЮ мебошад, ки аз 2 палата — Вечаи иттифоки ва Вечаи республикаю кишвархо иборат аст. Сардори давлат — президент.

yugoslaviya

Бештар аз се ду кисми худуди Ю.-ро куххо ишгол кардаанд; дар шим. гарб к-хои Алпи Юля. (к. Триглав, 2863 м), дар чан. гарб кухсори Динор (гору чукурихои карстиаш бисьёр), дар шарк ва чан. Шарк к-хои Сербияи Шарки вокеъ гардидаанд. Дар шимол ва шим. шарк хамвории Дулаи Миёна ва дар наздикихои сохили бахр чаз-хои Далматия чойгир шудаанд. Иклим дар назди сохилхо бахримиёназамини ва дар кисми бокимонда континентии муътадил аст. Харор. миёнаи янв. аз —3 то 9 С, июль 18— 25°С; боришоти солона 500—1500 мм, дар куххо бештар аз 3000 мм. Дарьёхои калонтарин: Дунай, Тиса, Сава, Драва; кулхо — Скадар, Охрид, Преспа. 34%-и худуди Ю. бешазор (пахнбарг ва сузанбарг) аст.

А-хои 6—7 дар терр. хозираи Ю. славянхо сокин шудаанд. А-хои 7— 13 дар сарзамиии Ю. якчанд давлатхои феодали вучуд дошт. А-хои 14— 16 кисми зиёди халкхои Югославия дар зери асорати Империяи Усмония монд (баъд аз шикаст хурдани сербхо ва боснихо дар майдони Косово с. 1389 ва г.); словенхо ва хорватхо тобеи Габсбургхо шуданд. Дар а. 19 муборизаи миллии озодихохи ва зидди феодалии югославхо авч гирифт.

С. 1833 бо ёрии Россия Сербия мухторияти дохили ба даст овард. Баъд аз чангхои Россияю Туркия с-хои 1877—78 Сербия ва Черногория пурра сохиби истиклолият шуданд, ки онро карорхои конгресси Берлин с. 1878 тасдик кард. Дар ох. а. 19— авв. а. 20 Партияи с. д.-и Югославия таъсис ёфт. Дар рафти чангхои Балкан (с-хои 1912—13) халкхои Югославия аз зери асорати туркхо тамоман озод шуданд. Дар шароити вусъатёбии харакати революционию озодихохии халкхои Югославия, ки аз таъсири Рев. Октябрь дар Россия ба вукуъ омада буд, инчунин дар натичаи пароканда гардидани Австрия-Венгрия 1 дек. 1918 Подшохии сербхо, хорватхо ва словенхо (аз 1929 10.) таъсис ёфта, мавкеи асосиро дар таркиби давлат буржуазияи серб ишгол кард. Фаъолияти ПК Югославия (ПКЮ, таъсисаш 1919) с. 1920 манъ карда шуд. Янв. 1929 дар Ю. диктатураи харбию мутлаккият барпо гашт. С. 1940 байни Ю. ва СССР алокаи дипломати мукаррар гардид. Марти 1941 хукумати Ю. мамлакатро ба Пакти берлинии с. 1940, ки давлатхои фашистиро муттахид менамуд, хамрох кард, ки ин норизогии оммаи васеи Ю.-ро ба амал овард. Дар натича 27 март хукумати тарафдори фашизм сарнагун карда шуд. 5 апр. 1941 байни СССР ва Ю. шартномаи дусти ва хучум накардан ба хамдигар баста шуд. 6 апр. 1941 кушунхои Германияи фашисти ва Италия ба Ю. хучум карданд ва худуди онро байни якчанд давлатхо таксим намуданд. ПКЮ ташкилотчи ва рохбари чанги халкии озодихохии с-хои 1941—45 дар Ю. буд. Кисми мамлакат дар рафти хамкории кушунхои совети ва Армияи халкии озодихохии Югославия с. 1944 озод карда шуд. То 15 май 1045 армии» Ю. хоки Ю.-.ро пурра аз фашистон озод кард. 7 марта 1945 дар заминаи Комитети милии озодкунии Ю. (КМ010) бо сардории котиби генералин КМ ПКЮ И. Броа Тито Хукумати муваккатии демократию федеративии Ю. ташкил шуд. 29 нояб. 1945 Скупщинаи муассисон мутлакиятро дар Ю. тамоман бархам дода, декларацияро дар бораи таъсиси Республикаи Халкии Федеративии Ю. (РХФЮ) эълон кард. 31 янв. 1946 конституцияи РХФЮ тасдик шуд. 1 февр. 1946 хукумат бо сардории И. Броз Тито барпо гашт. Хамкории Ю. бо СССР ва мамлакатхои демократияи халки вусъат ёфт. Aммo С. 1948—49 алокаи давлатии Ю. бо СССР ва диг. мамлакатхои социалисти бархам хурд. С-хои 1953—54 муносибатхои Ю. бо СССР ва диг. мамлакатхои социалисти хеле бехтар гардид. Янв. 1953 конституцияи нав оид ба асосхои сохти чамъиятию сиёсии РХФЮ ба хукми конун даромад; И. Брот Тито президенти РХФЮ шуд. С. 1952 ПКЮ Иттофоки Коммунистони Югославия (ИКЮ) номида шуд. Мувофики конституцияи с. 1963 мамлакат номи РСФЮ-ро гирифт. Февр. 1974 конституцияи нав кабул карда шуд, ки мархилаи хозираи сохтмони социализмро дар Ю. дар асоси худидоракуни инъикос мекунад. Сиёсати берунии Ю. сиёсати ба блокхо хамрох нашудан мебошад.

Дар солхои хукумати халки Ю. аз мамлакати кафомондаи аграри ба мамлакати индустриявию аграри мубаддал гардид. С. 1977 ба зиммаи саноат, сохтмон ва хунарманди 47,9%-и махсулоти умумии чамъияти, ба хочагихои кишлок, ва чангал бошад 16,6%-и он рост омад; сектори социалисти 84%, сектори хусуси 16%-и махсулотро истехсол карданд. Дар саноат, сохтмон ва корхонахои хунарманди с. 1971 (мувофики баруйхатгири) 27%, дар хочагихои кишлоку чангал ва мохидори такр. 45% ахолии кобили мехнат банд буд. Дар саноат — мошинсози ва коркарди металл (электротехника, мошинхои наклиёти, х. к., мошинхои кон, дастгохсози) мавкеи асоси доранд. Корхонахои саноати металлургияи сиёх ва ранга, махсулоти. нефт, цемент, чангал ва чубкори низ мавчуданд. Саноати бофандаги, чарму пойафзол ва хуроквори таракки кардааст. С. 1984 дар Ю. 72,8 млрд кВт-с энергияи электр истехсол ва 11,4 млн т ангишти бур, 3,3 млн т боксит, 4,04 млн т нефт истихроч шуд. Инчунин маъдани охан, хром, мис, сурбу рух, сурма ва г. истихроч мекунанд. Дар х. к. чои асосиро зироаткори ишгол мекунад. Бештар галла (чамъоварии с. 1984—16,9 млн т), лаблабуи канд, картошка, офтобпараст, канаб, тамоку кишт мекунанд. Богу токдори ривоч ёфтааст. Саршумори чорво (1984, ба хисоби млн cap): гов—5,4, хук —9,3, гусфанд — 7,5, асп —0,5, парранда —74. Тули р, о. 9389, аз чумла 3431 км-и он электриконида шудааст, роххои автомобилгард 116 хаз. км (60,6 хаз. км-аш асфалтпуш). Д.-хои Дунай ва Сава киштигарданд. Бандархои асоси: Риека, Оплит, Шибепик. Ба хорича ашьёи хом,.металлхои ранга, газвор, молхои духта, пойафзол, озукавори, кишти, харгуна мошин мефурушад. Туризми хоричи инкишоф ёфтааст (8,3 млн наф. с. 1985). Вохиди пул— динор.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …