Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Чумхурии Того

Чумхурии Того

ТОГО, Республикаи Того (Republicue Тоgolais), давлатест дар Африкаи Гарби. Масохаташ 56,6 хазор км\ Ахолиаш кариб 2,8 млн нафар (1983); халкхояш эве, кабре, мина, уачи ва гайра. Забони расми — франсави. Аз се ду кисми диндорон бадину ояти махалли, аз панч як кисмашон ба масехия ва бокимонда ба ислом эътикод доранд. Пойтахт ва бандари асосиаш шахри Ломе. Сардори давлат — президент. Органи конунбарор — Мачлиси милли.

togo
Дар кисми зиёди мамлакат хамворию пуштакух ва дар чануб кисман пастихои наздибахри мавчуданд. Иклимаш субэкваторист. Харорати миёнаи мохона 20—30оС. Боришоти солона—750—1500 мм. Асосан растанихои саваннаги меруянд. Дар нимаи дуюми асри 17 дар худуди Того гуруххои калони этники ва хукумати пуркуввати мутамарказ ба вучуд омаданд. Охири асри 19— аввали асри 20 сарзамини Того (бо як кисми худуди Ганаи хозира) мустамликаи Германия шуд; баъди Чанги якуми чахони Британияи Кабир барои идора кардани кисми гарбии Того (Тогои Британи) ва Франция барои идора кардани кисми шаркиаш (Тогои Франоави) мандат гирифтанд; баъди Чанги дуюми чахони гарчанде ТДМ хар ду сараминро зери васояти худ гирифг, онхоро Британияи Кабир ва Франция идора мекарданд. Аз соли 1960 Того республикаи мустакил аст. Январи 1963 ва январи 1967 дар Того табаддулоти харби ба амал омад. Баъди табаддулоти соли 1967 партияхои сиёсиро пароканда карданд; соли 1969 Партияи муттахидаи халкии Того таъсис ёфт. Соли 1979 интихоботи парламент барпо шуд. Того аз соли 1960 бо СССР алокаи дипломати дорад.
Того мамлакати аграрист. Дар иктисодиёти он капитали хоричи мавкеъи мухим дорад. Зироати хочагии кишлок: какав, кахва, пахта, ямс, маниок, чуворимакка, чувори, арзан, шоли, арахис, нахл ва гайра Гов, гусфанд, буз, хук ва мург мепарваранд. Аз кулу дарёхо ва укёнус мохи мехаранд. Фосфорит истихроч мекунанд. 3аводхои истехсоли равгани чавз, равгани арахис, орди маниок, заводхои пиво, цемент, фабрикаи пойафзол ва гайра мавчуданд. Тули умумии рохи охан кариб 570 км, роххои автомобиллард 7,85 хазор км (1982). Ба хорича фосфорит, какав, кахва, пахта, магзи норчил ва гайра мебарорад. Шарики асосии тичоратиаш Франция. Вохиди пул — франки африкои.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …