Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Чумхурии ТРИНИДАД ВА ТОБАГО

Чумхурии ТРИНИДАД ВА ТОБАГО

ТРИНИДАД ВА ТОБАГО, Республикаи Тринидад ва Тобаго Republic of Trinidad and Tobago) давлатест дар Вест-Индия, дар чазирахои Тринидад ва Тобаго.
Ба хайати Иттиходи Британия дохил аст. Масохаташ 5,1 хазор км2. Ахолиаш 1081 хазор нафар (1982), асосан зангихо (42,8%). Забони расми –англиси. Диндорон ба масехия эътикод доранд. Пойтахташ шахри Порт-оф-Спейн. Сардори давлат – президент. Органи конунбарор- Парламент (палатаи намояндагон ва сенат). Аксари чазирахо хамоврихои пастанд. Куххо дар шимоли чазираи Тринидад (баландиаш то 940 м ) ва шимолу гарби чазираи Тобаго (баландиаш то 576 м) вокеанд. Иклимаш субэкватори. Харорати миёнаи мохона 25-27°С . Боришоти солона аз 1200 то 3800 мм. Бешахояш хамешасабзанд.

trinidad-to
Дар чазирахои Тринидад ва Тобаго аз кадим хиндухои америкои истикомат мекарданд. Охири асри 15 чазирахоро испанихо кашф намуда, ба мустамлика табдил доданд. Соли 1797 Тринададро Британияи Кабир забт намуд ва соли 1802 расман ба хайаташ хамрох кард. Соли 1814 Тобаго хам мулки Британияи Кабир гардид. Соли 1899 Тобаго аз чихати маъмури ба Тринидад хамрох шуд. Соли 1950 англисхо ба Тринидад ва Тобаго хукуки худдидоракунии дохилиро доданд. Аз соли 1962 давлати мустакил ва аз августи 1976 республика. Бо СССР алокаи дипломати дорад. (аз соли 1974).
Асоси иктисодиёташ истихроч ва коркарди нефт (11 млн т, 1980). Кисми зиёди истихроч ва 2/3 хиссаи махсулоти коркарди нефтро монополияхои ШМА назорат мекунанд. Заводхои асфалт, корхонаи химияви, фабрикахои бофандаги ва гайра дорад. Заминдории калон хукмрон аст. Зироати экспортиаш асосан найшакар ва какав мебошад. Тули роххои автомобилгард 6,4 хазор км (1977). Бандари асосиаш Пуэнт-а-Пер. Ба хорича нефт, канду шакар мебарорад. Шарикони асосии тичоратиаш: Британияи Кабир, ШМА, мамлакатхои Вест-Индия. Вохиди пул-доллари Тринидад ва Тобаго.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …