Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Чумхурии СУДОН

Чумхурии СУДОН

СУДОН, Респубикаи Демократии Судон давлатест дар шимолу шарки Африка. Масохаташ 2,5 млн нм2. Ахолиаш 20,6 млн нафар (11983), асосан арабхо, нубагихо ва гайра. Аз се ду хиссаи диндорон мусулмонанд. Забони расми — араби. Пойтахташ шахри Хартум. Сардори давлат — президент. Органи олии конунбарор — Мачлиси миллии халки. Кисми зиёди мамлакатро пуштакуххо фаро гирифтаанд, ки баландиашон асосан 300—1000 м, дар гарб ва чануб беш аз 3000 м. Нуктаи баландтарин—Кинети (3187 м). Иклимаш асосан субэкватори, дар шимол тропики ва биёбонист. Харарати миёнаи мохова аз 15 то 354), боришоти солона дар шимол хеле кам,дар чануб 500—1400 мм. Дар нохияхои шимоли растанихои нимбиббони ва биёбони, дар чануб растанихои саванаги меруянд ва бешахои тропики мавчуданд. Дарёи калонаш Нил (шохобхояш Сабат ва Нили Кабуд).

sudon

Дар хазорахои 4—3 то мелод дар худуди Судон маданияте пайдо шуд, ки ба маданияти хозираи Миср наздик буд. Аз асри 8 то мелод паи хам давлатхои ибтидоии синфии Налата, Мероэ вучуд доштанд; то асри 7 мелоди давлатхои насронии Мукурра, Алоа, Набатия ба вучуд омаданд. Баъди Мисрро (асри 7) забт кардани арабхо мухочирати онхо ба Судон сар шуд. Охири асри 14 ва аввали асри 16 давлати исломии Сеннар Султонии Дорфур ва гайра пайдо гардиданд. Дар нохияхои чануби Судон, ки ахолиаш асосан кабилахои зангинажод буданд, муносибатхои иктисодии авлоди боки мемонданд. Солхои 1820—22 худуди Судонро хокими Миср Мухаммад Али забт кард. Аз солхои 60 асри 19 ба Судон амадани англисхо сар шуд. Дар рафти шуриши Махдиён (1881—98) давлати мустакили теократи ташаккул ёфт. Солхои 1899—1955 Судон мустамликаи Англия буд. Соли 1946 партияи коммунистии Судон таъсис ёфт. 1 январи 1956 Судон давлати мустакил — республика шуд. Соли 1958 дар натичаи табаддулоти давлати тартиботи диктатори барпо гардид. 25 маи 1969, баъди хокимиятро ба даст гирифтани куввахои революсиони, Судон Республикаи Демократи эълон шуд. Як катор тагйироти пешкадами ичтимоию иктисоди ба амал омад.

Аз соли 1956 бо СССР алокаи дипломати дорад.

Асоси иктисодиёташ хочагии кишлок. Пахта (569 хазор тон, 1983), инчунин кунчит, арахис, чувори, арзан мекоранд. Финдукпарвари таракки кардааст.

Асосан гусфанд, буз, гов (55 млн сар, 1963) мепарваранд. Корхонахои саноати хуроквори, сабук, коркарди металл дорад. Тули рохи охан 5 хазор км, роххои автомобилгард 21 хазор км ва киштигард кариб 6 хазор км аст. Ба мамлакатхои хорича пахта, арахис ва гайра мебарорад. Бандари асосиаш Порт-Судон. Вохиди пул — фунти судони.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …