Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Чумхурии Халкии Демократии Яман

Чумхурии Халкии Демократии Яман

ЯМАН, Республикаи Халкии Демократии Яман. РХДЯ (Чумхурии Яман ад-Димукратия аш-Шаабия давлатест дар чануби нимчаз. Арабистон. Аз чануб бо б. Араб ва хал. Адан ихота аст. Масох. 336,5 хаз. км3 (бо чаз-хо), Ахолиаш 2,5 млн наф. (1985), асосан арабхо (беш аз 90%); ахолии шахри 29%. Забони расми — араби. Дини хукмрон — ислом. Пойтахташ ш. Адан. Аз чихати маъмури ба 6 губернатор таксим шудааст. Органи конунбарор — Шурои олии халкии якпалатаги.

yaman

Кисмхои гарби ва марказии мамлакатро кухсор (баландиаш то 2513 м), шаркиашро хамвории пахновар (баландиаш аз с. б. то 1000 м) ишгол кардаанд. Иклимаш тропикии хушк, харор. 25—30°С, боришоти солона 40—700 мм. Дарьёхои доими кариб нестанд. Асосан растанихои биёбони ва дар куххо чо-чо растанихои саваянаги (бештар акокиё) меруянд. Дар биёбон баъзан вохахо во-мехуранд.

Нояб. 1967 дар натичаи муборизаи ярокноки халки бар зидди мустамликадорони англис дар Я.-и Чануби давлати мустакил барпо карда шуд. 30 нояб. 1967 Республикаи мустакили Халкии Ямани Чануби эълон гардид. Бо рохбарии Партияи социалистки Я. дигаргунихои прогрессивии сиёси ва иктисоди гузаронида мешавад. РХДЯ бар зидди империализм сиёсати берунаи фаъолона мебарад. Аз с. 1967 бо СССР муносибати дипломати дорад.

Я. мамлакати аграрист. Ислохоти аграри (1978) пурра ба амал гузаронида шудааст; дар иктисодиёт секторхои давлати ва чамъияти бартари доранд. Барои тараккиёти иктисодиёт асосан мамлакатхои социалисти ва баъзе мамлакатхои Араб ёри мерасонанд. Зироати асосии х. к.: пахта, кунчид, кахва, тамоку, сабзавот, мевахои тропики (хурмо, нордил ва г.). Чорводории бодиянишнни (гусфанд, буз, уштур, хар, гов) таракки кардааст. Аз бахр мохи мегиранд. Аксари корхонахои саноати хурданд. 3-ди коркарди нефт мавчуд аст, ки он кариб 4/5 хиссаи махсулоти умумии саноатиро медихад. Тули роххои автомобилгард кариб 9,06 хаз. км (1985). Бандари асосии бахриаш — Адан. Ба хорича махсулоти нефт, пуст, кахва, тамоку, мохи мебарорад. Шарикони асосии тичоратиаш: Япония, СССР ва диг. мамлакатхо. Вохиди пул—динори РЗДЯ.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …