Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Чумхурии Чад

Чумхурии Чад

chad-karta

ЧАД, Республикаи Чад (Republique du Tchad), давлатест дар Африкаи Маркази. Масох. 1284 хаз. км2. Ахолиаш 4680 хаз. наф. (1984), асосан халкиятхои тубу, сари, багирми, хауса ва арабхо. Пойтахташ Нчамена. Забони расми—франсави. Бештар аз ними ахоли ба дини анъанавии махалли, бокимондахо ба динхои ислом ва насрони эътикод доранд. Органи олии хокимият — Хукумати муваккатии ягонагии милли, раиси он сардори давлат. Кисми зиёди сатхаш хамвори; дар шимол к-хои Тибести (баландиаш то 3415 м) вокеъ гаштаанд. Иклим дар шимол тропикии биёбони, дар чануб экватории муссони. Харор. миёнаи мохона 15—35°С. Боришоти солона аз 100 то 1000 мм. Дарёи асосии киштигард — Шари, ки ба кули Чад чори мешавад. Кисми шимоли мамлакатро биёбон, чанубашро саванна фаро гирифтааст.

Дар а. 9—ох. а. 19 дар худуди Чад давлатхои Канем, Борну, Вадаи ва г. вучуд доштанд. Ох. а. 19 экспансияи Франция cap шуд. Аз с. 1904 худуди Чад дар хайати мустамликаи франсавии Убанги-Шари — Чад буд; с. 1914 мустамликаи алохида гардид. Аз 11 авг. 1960 Чад республикаи мустакил аст. 13 апр. 1975 дар Чад табаддулоти харби ба амал омад ва хокимият ба дасти Советаи олии харби гузашт, конституция бекор карда шуд, фаъолияти партияхои сиёси ва иттифокхои касаба манъ гардид. С. 1979 коалициям Хукумати муваккатии ягонагии милли ташкил ёфт.

Чад мамлакати аграрист. 85%-и ахолии кобили мехнат дар х. к. банд мебошад. Сохахои асосии х. к.: пахтакори, арахиспарвари ва чорводрии чарогохи (1980, ба хисоби млн cap: гов—4, бузу гусфанд—4,6; хук— 0,6 ва г.). Ахолии Чад ба мохигири низ машгул аст. Корхонахои саноатиаш: пахтатозакуни, бофандаги ва хуроквори. Тули роххои автомобилгард 40 хаз. км. Ба хорича пахта ва махсулоти чорво мебарорад. Шарики асосии тичоратиаш — Франция. Вохиди пул — франки африкои.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …